Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Ҳисоббаробаркуниҳои ҳамдигарӣ байни хоҷагиҳо ва фючеристҳо аз рӯи ду нақша гузаронида мешавад: аз рӯи пахта, ё ки нахи пахта.
Аз рӯи ин нақша фючерист хизматрасониҳоро оид ба коркарди пахта ва содироти нахи пахта пардохт менамояд.
Сабабҳои пайдоиш ва ҷамъ шудани қарзҳо аз рӯи нишонаҳои системавӣ, объективӣ ва субъективӣ таснифот карда мешавад, ки дар навбати худ инҳоро дар бар мегирад:
Фарзияҳои системавӣ:
• Оқибатҳои низоъҳои дохилӣ ва аз байн рафтани базаи моддию
техникӣ;
• Хароҷоти ҷараёни гузариш ва ба итмом нарасидани ислоҳоти
агарӣ;
• Мухолифати ҳавасмандӣҳо байни иштирокчиёни бизнеси пахта;
• Самаранокии пасти системаи идоракунии соҳаи агарӣ;
• Бемасъулиятии ҳуқуқӣ ва тиҷоратӣ;
• Мавҷуд набудани ҳисобдории лозимаи муҳосибӣ;
• Холигии фазои иттилоотӣ ва набудани афкори ҳуқуқӣ.
Сабабҳои объективӣ:
• Дур будан аз шоҳроҳҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии нақлиётӣ;
• Ноустувории нархҳои нахи пахта дар биржаи пахтаи Ливерпул;
• Афзоиши нархҳои ҷаҳонии қувваи барқ;
• Набудани ҳавасмандии ҳақиқӣ дар истеҳсолкунандагон;
• Ба захираҳои қарзӣ дастрасӣ надоштани истеҳсолкунандагон;
• Дахолати ҳукуматҳои маҳаллӣ ба фаъолияти истеҳсолии хоҷагиҳо;
• Ҳосилнокии паст ва хароҷоти зиёд барои истеҳсоли пахта;
• Мавқеи монополии сармоягузорон ва коркардкунандагони пахта;
• Шаффоф набудани механизмҳои маблағгузорӣ;
• Стандартҳои пахта.
Омилҳои субъективӣ:
• Ғайримақсаднок истифода намудани сармояҳо;
• Баланд намудани нархҳои АМТ аз ҷониби сармоягузорон;
• Ҳисобҳои номукаммал ва барзиёд ҳангоми коркарди пахта;
• Саривақт коркард нашудан ва баланд будани нархҳои хизматрасониҳо;
• Қарордодҳои чорчӯбавӣ (асоратовар);
• Мавҷуд набудани ҳисоби маҳсулоти фарқии коркарди пахта;
• Хароҷоти баланди нақлиётию иловагӣ.
Фарзияҳои системавӣ барои ташаккули сабабҳои объективии ҷамъ шудани қарзҳо имконияти мусоид фароҳам меоранд, ки дар омилҳои субъективӣ инъикос мегарданд. Аз ин лиҳоз, барои ҳалли бому-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор