Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 14. БАНАКШАГИРИИ СТРАТЕГИИ БАХШИ ПАХТАКОРИ
ваффақияти онҳо бояд сабабҳои аслии ҷамъ шудани қарзҳо - фарзияҳои системӣ ва сабабҳои объективиро бартараф намудан лозим аст.
Таҷрибаи як фермер
Дар вақти гузаронидани мусоҳибаи сифатнок дар ноҳияи Ёвон, ки барои тақвият додани таҳлил гузаронида мешуд, мусоҳибагирон ба яке аз утоқҳои кории роҳбари мақомоти маҳаллӣ ворид гардиданд. Ҳангоми даромад онҳо дар ҳуҷраи ҳамшафат суҳбати сарвари мақомоти маҳаллиро бо деҳқонон шуниданд.
Фермер: Ман гандум мекорам.
Сардор: Ман ба Шумо иҷозат намедиҳам!
Фермер: Ман гандум мекорам.
Сардор: Ман ба Шумо коридани онро иҷозат намедиҳам!
Фермер: Аммо ман мекорам!
Сардор: Бо ман шухӣ накунед, ман иҷозат намедиҳам.
Фермер: Канӣ, заминро кашида гиред!
Сардор: Ман ба Шумо иҷозат намедиҳам, Шумо мефаҳмед, ман аз ягон кас қарздор нестам.
Фермер: Ман дар ин замин 57 сол кор кардам.
Сардор: Ман медонам.
Фермер: 57 сол. Канӣ, заминро кашида гиред!
Сардор: Ман замини Шуморо ба дигар кас медиҳам!
Фермер: Рости гап, ман пахта намекорам.
Сардор: Аз ин ҷо баромада равед!
Роҳбари гурӯҳи назарпурсон аз котиба пурсон шуд, ки чаро сарвари ҷамоат ин қадар дод гуфт. Вай ҷавоб дод, ки «барои он ки фермер кишти пахтаро намехоҳад».
Е.Р. Аботт (2007), Бонки Ҷаҳонӣ, тадқиқоти базавии хоҷагиҳои пахтакор, майи соли 2007.
Вариантҳои имконпазири ҳалли қазияҳои пахтакорӣ муносибатҳои зеринро дар худ инъикос менамоянд:
Муносибати умумӣ - омӯзиши пешакии табиати ба амал омадани қарзҳо, ошкор намудани сабабҳои ташаккул ва ҷамъшавии онҳо бо таҳияи қарорҳои расмӣ ва қоидаҳои ҳалли қарзҳоро дар бар мегирад.
Муносибати ақидавӣ - муайян намудани ҳаҷми қарзҳо дар асоси аз эътибор соқит намудани як қисми қарзҳои беасоси қарздиҳандагон ва барои ҳалли ҳаҷми дигари қарзҳо ҷалб намудани маблағҳои донорҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор