Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 14. БАНАКШТАГИРИИ СТРАТЕГИИ БАХШИ ПАХТАКОРӢ

Дар ин марҳила 1324,6 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 1554,6 млн. доллари ИМА фурӯхта шудааст, ки ба ҳисоби гектар 561 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад (Ҷадвали 14.4).

Дар ин марҳила хароҷот бидуни баҳисобгирии хароҷоти истеҳсоли пахта 928,3 млн. доллари ИМА ё 70,4% аз ҷамъи фурӯши пахтаро ташкил намуд. Аз ин, 1318,3 млн. доллари ИМА ё 29,6% дар ихтиёри истеҳсолкунандагони пахта боқӣ монданд.

То вақтҳои наздик, аниқтараш то ҳосили 2008 қисми зиёди хоҷагиҳо аз рӯи сохтори маблағгузории фючерӣ наздики 85 фоиз (бо дарназардошти ҳаҷми майдонҳои кишти пахта) фаъолият намуданд (Расми 14.1).

Фючеристҳо аз рӯи ин нақша ба ХФД захираҳои молию моддӣ, аз қабили тухмӣ, нуриҳо, сӯзишворӣ, маводи сӯхт, қисмҳои эҳтиётӣ, заҳрхимикатҳо ва ғайраҳоро таъмин ва хизматрасониҳо ва ҳисобҳои ҳатмиро пардохт менамоянд (хизматрасониҳои механизатсионӣ ва ирригатсионӣ, хароҷоти нақлиётӣ, маоши пахтакорон барои кишт ва ҷамъоварии пахта, андозҳо ва ғайраҳо).

Расми 14.1. Истеҳсоли пахта аз рӯи сохтори фючерӣ.

пешина
аз 469
навбатӣ