Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

14.6. КЕЙС-ВАЗЪИЯТ

СТРАТЕГИЯИ ҲАЛЛИ ҚАРЗҲОИ ХОҶАГИҲОИ ПАХТАКОР

Муаммои пайдоиш ва ҷамъ шудани қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор дар ҷараёни амалигардонии ислоҳоти замин ба вуҷуд омада, барои рушди он монеаи сахтро ба миён меорад. Проблемаи мазкур дар шароити имрӯза он қадар бузург ва рӯзмарра аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд.

Таҳлили сабабҳои дохилӣ ва далелҳои ҳаракаткунандаи ташкил ва раванди қарзҳо имконият медиҳанд, ки нисбати ҳимоя нашудани мафҳуми буҳрони қарзӣ, мавҷуд набудани интихоб ва ҳавасмандиҳои ҳақиқии истеҳсолкунандагон, шаффоф набудани сохтори молиявӣ хулосабарорӣ карда шаванд. Ин сабабҳо барои танзими босуръат ва самараноки рушди соҳаи пахтакорӣ, барҳам хӯрдани базаи моддию техникӣ, ба итмом нарасонидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва гузаштан ба муносибатҳои солими бозаргонӣ монеагӣ менамоянд.

Мутобиқи тадқиқоти Агентии омори назди Президенти ҶТ дар 12 сол аз ҷониби фючерстҳо барои соҳаи пахтакорӣ 944,1 млн.доллари ИМА ё ба ҳисоби миёна 340,7 доллар ба ҳар як гектар маблағгузорӣ карда шудааст.

Ҷадвали 14.4. Маблағгузории хоҷагиҳои пахтакор аз рӯи қарордодҳои фючерӣ.

Солҳо | Майдони пахта (ҳазор. га) | Сармоягузорӣ (ҳазор. долл.) | Истеҳсоли пахта | Фурӯши пахи пахта | Нархи миёнаи 1 тонна нахи пахта (долл.).
ҳамагӣ | ба 1 га | ҳамагӣ, ҳазор. т | ба 1 га | ҳамагӣ, т | ҳазор. долл.
1996 | 228,2 | 60000 | 263 | 317 | 13,9 | 104084 | 156797 | 1506,4 1997 | 218,7 | 65200 | 298 | 353 | 16,1 | 108105 | 166823 | 1543,2 1998 | 223,7 | 89000 | 376 | 383 | 16,1 | 88414 | 111973 | 1266,5 1999 | 247,8 | 45500 | 172 | 315 | 12,7 | 91479 | 90390 | 988,1 2000 | 193,6 | 37042 | 191 | 335,4 | 14 | 78890 | 91882 | 1164,7 2001 | 252,8 | 65525 | 259 | 452,7 | 17,5 | 73726 | 70090 | 950,7 2002 | 228,1 | 62322 | 259 | 515,4 | 22,5 | 136997 | 127857 | 933,3 2003 | 259,1 | 88414 | 341 | 537,3 | 19,0 | 149213 | 192743 | 1291,7 2004 | 267,0 | 121300 | 454 | 557,0 | 19,1 | 139606 | 161078 | 1153,8 2005 | 227,7 | 97279 | 427 | 447,9 | 15,5 | 138068 | 148655 | 1076,7 2006 | 229,7 | 109094 | 474,9 | 437,9 | 17,0 | 109626 | 114759 | 1046,8 2007 | 194,7 | 103457 | 531,5 | 419,8 | 16,6 | 106345 | 120981 | 1137,6 Ҳамагӣ | 2771,1 | 944133 | 340,7 | 5073,6 | 18,3 | 1324553 | 1554028 | 1173,2

пешина
аз 469
навбатӣ