Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 14. БАНАКШАГИРИИ СТРАТЕГИИ БАХШИ ПАХТАКОРӢ

ҳангоми коркарди аввалияи он равона гардидааст. Барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои стратегӣ бояд проблемаҳои концептуалии зеринро ҳал намуд: мукаммал гардонидани механизми иқтисодӣ, баланд бар- доштани рақобатнокии бахши пахтакорӣ ва таъмин намудани ҷаҳиши истеҳсолию технологӣ. Механизмҳои мушаххаси татбиқи стратегия системаи самараноки пешгӯии дурнамои соҳаро дар асоси тарзҳои банакшагирии стратегӣ, ташкил ва татбиқи системаи банакшагирии нахи пахта дар бар мегиранд.

14.5. САВОЛҲОИ САНҶИШӢ

  1. Барои чӣ пахтаро зироати стратегӣ меноманд ва хусусиятҳои истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон дар чист?

  2. Барои ба сатҳи пешинаи истеҳсоли пахта баромадани Тоҷикистон чӣ халал мерасонад ва кадом маҳдудиятҳои объективии инкишофи устувори соҳа мавҷуданд?

  3. Мавқеи монополии заводҳои пахтатозакунӣ дар бахши пахтакорӣ дар чӣ инъикос мегардад?

  4. Муаммоҳо ва тамоюлҳои асосии рушди бахши пахтакории Тоҷикистон кадомҳоянд?

  5. Таҳлили мавқеи рақобатноки бахши пахтакории Тоҷикистон дар бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии пахта чӣ гуна гузаронида мешавад?

  6. Бартариҳои рақобатноки бахши пахтакории мамлакат дар бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии пахта дар чист?

  7. Нуқтаи истеҳсоли безарари истеҳсоли пахта чӣ тавр муайян карда мешавад?

  8. Интихоби стратегияро аз рӯи дилемаҳои рушди стратегияи бахши пахтакории Тоҷикистон номбар кунед.

  9. Кадом принсипҳои 7-П дар стратегияи рушди устувори бахши пахтакории Тоҷикистон истифода мешаванд?

  10. Мафҳуми банакшагирии стратегӣ аз рӯи нахи пахта дар чӣ инъ- икос мегардад?

пешина
аз 469
навбатӣ