Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
аз тарзҳои маҷбурии истеҳсоли пахта, маблағгузориҳои самаранок ва саривақтии соҳа барои таъмини рушди устувори соҳаи пахтакории мамлакат мусоидат менамоянд.
14.4. ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР
-
Бахши пахтакорӣ яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти мамлакат ба шумор мерафт ва то ҳанӯз боқӣ мондааст. Соҳаи мазкур дар самти содироти мамлакат ва ташкил намудани даромадҳо аҳамияти стратегӣ дорад. Дар таърихи навини мамлакат рушди соҳаи пахтакорӣ бо паст шудани ҳаҷми истеҳсол, аз ҳисоби кам гардидани заминҳои киштшаванда ва ҳосилинокии паст қайд мегардад. Муносибати системавӣ ба истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти соҳа, ба рушди соҳаи пахтакорӣ ва проблемаҳои он нигоҳи нисбатан амиқро роҳандозӣ менамояд.
-
Таҳлили мавқеи рақобатноки соҳаи пахтакории Тоҷикистон дар бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо роҳи SWOT-таҳлил амалӣ карда мешавад. Натиҷаи таҳлили мазкур ин таснифоти васеи омилҳои муҳити беруна ва дохилӣ маҳсуб мегардад, ки барои ташкили номгӯи амалҳои стратегӣ имконият дода, ҷиҳати тақвияти мавқеи рақобатноки соҳа ва рушди дурнамои он равона гардидаанд.
-
Азбаски муаммоҳои соҳаи пахтакории Тоҷикистон хеле зиёданд ва онҳо хусусиятҳои мураккаб доранд, пас системаи таснифотӣ зарур аст. Мақсади асосии ин таснифот аз фарогирии пурраи ҳудудҳо, муттасилӣ ва бартаринокӣ, сатҳҳои идоракуниро дар бар мегирад.
Сатҳи идоракунӣ ва такроршавии он омилҳои концептуалӣ, молиявию иқтисодӣ, истеҳсолию технологӣ ва иҷтимоию демографиро дар бар гирифта, нишондиҳандаҳои онҳоро муайян менамояд. -
Ҳангоми интихоби стратегия бояд алтернативаҳои стратегӣ дар шакли хусусиятҳои истеҳсолию технологӣ ва иқтисодию молиявӣ ба инобат гирифта шаванд, ба монанди: ба кадом навъи пахта бояд такя намуд: маҳиннах ва ё миёнанах; кадом навъи пахтаро кишт намудан манфиатнок аст: маҳаллӣ ва ё дурагаҳои гибридии хориҷӣ, ба кадом намуди навъи пахта бартарӣ дода мешавад: анъанавӣ, минералӣ ва ё аз ҷиҳати ирсӣ дигаргунишуда; ҳосилғундории дастӣ ва ё мошинии пахта бояд бартарӣ дошта бошанд.
-
Таҳияи стратегияи рушди устувори бахши пахтакории Тоҷикистон
дар марҳилаи соли 2020 мақсаднок аст. Стратегияи мазкур ба
дастовардҳои нишондиҳандаҳои стратегӣ, ба монанди ба 180-200 тонна расонидани истеҳсоли нахи пахта ва на кам аз 30 с\га расонидани
ҳосилнокии солонаи он, 36% таъмин намудани барориши нахи пахта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор