Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 14. БАНАКШАГИРИИ СТРАТЕГИИ БАХШИ ПАХТАКОРӢ
• Ташкили системаи татбиқи самараноки дастовардҳои илмию техникӣ ва таҷрибаи пешқадами пахтакорӣ.
Ба сифати принсипҳои асосии стратегия истифодаи поли – П принсипҳо (принсирҳои 7-П) лозим аст:
- Қобили қабул будан (Преемственности);
- Пай дар пайӣ (Последовательности);
- Рушдёбанда (Поступательности);
- Прагматикӣ (Прагматичности);
- Таносубнок (Пропорциональности);
- Пешгӯишаванда (Предсказуемости);
- Самаранок (Продуктивности).
Ҳангоми коркарди стратегия бояд тартиботи зерини рушди устувори соҳаи пахтакориро ба инобат гирифт:
• Дар заминаи кооператсия, ҳамгироӣ ва кластеризатсия самтҳои нави принсипиалии стратегӣ, таҳияи механизмҳои самараноки хоҷагидорӣ, мукаммалгардонии муносибатҳои ташкилию иқтисодӣ, коркарди амиқтари пахта ва фурӯши маҳсулоти он зарур аст;
• Рушди устувори пахтакориро бо дарназардошти ҳавасманд гардонидани пахтакорон таъмин намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро баланд намудан лозим аст;
• Зиёд намудани иқтидори саноати коркарди пахта танҳо дар соҳаи саноати бофандагӣю ресандагӣ мақсаднок аст. Ин омил имконият медиҳад, ки коркарди чуқурии пахта дар мамлакат таъмин гардад. Чунин муносибат пахтакориро барои истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон ва дар маҷмӯъ, барои давлат соҳаи сердаромад ва манфиатовар мегардонад;
• Бо роҳи амалӣ намудани сиёсати мақсадноки зиддиинҳисорӣ баланд намудани дараҷаи рақобат ва бартараф намудани бартариҳои монополии шахсони алоҳида дар соҳа.
Бонакшагирии стратегӣ аз рӯи нахи пахта
Бонакшагирии стратегияи истеҳсоли пахта бояд дар нишондиҳандаҳои барориши нахи пахта асос ёбад. Бонакшагирии нахи пахта мутобиқи талаботи иқтисоди бозаргонӣ бояд ба таҷрибаи ҳаррӯзаи бахши пах-такории мамлакат ворид гардад. Ин имконият медиҳад, ки як қатор омилҳои манфии бонакшагирии пахтакории даврони шӯравӣ, аз қабили: зиёданависӣ, паст нишон додани баромади нахи пахта бартараф гарди-да, ташкили системаи мувозинашуда ва самараноки нишондиҳандаҳои соҳа таъмин карда шавад. Бонакшагирӣ аз рӯи нахи пахта, ҳавасмандии кофии фермерон, гузаштан ба фаъолияти озоди пахтакорӣ ва дур шудан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор