Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Ҳадафи мазкур ба дастовардҳои муҳими нишондиҳандаҳои стратегии рушди соҳаи пахтакории Тоҷикистон барои марҳилаи соли 2020 нигаронида шудаанд:

Бо гирифтани ҳосилнокии на камтар аз 30 с/га расонидани ҳаҷми
солонаи истеҳсоли пахта ба 180-200 ҳазор тонна;

Таъмини барориши нахи пахта ҳангоми коркади аввалини он дар
ҳаҷми на кам аз 36%;

Баланд бардоштани самаранокии соҳа дар ҳаҷми 20 фоиз, даромаднокии истеҳсолкунандагони пахта – на кам аз 300$/га;

Таъмин намудани ҳаҷми афзояндаи воридшавии маблағҳо ба буҷети
давлатӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби баланд бардоштани самаранокии
соҳаи пахтакорӣ;

Дар минтақаҳои пахтакори мамлакат паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ то 40%.

Барои иҷрои мақсадҳои гузошташуда ва ноил гаржидан ба нишондиҳандаҳои стратегӣ бояд чунин проблемаҳои муҳим, ки ҳар кадоме аз онҳо вазифаҳои асосии марбутаро иҷро менамоянд, баррасӣ карда шаванд:

  1. Мукаммалгардонии механизми иқтисодӣ:

Ташкили системи самараноки пешгӯии дурнамои рушди соҳа дар
асоси тарҳҳои банақшагирии стратегӣ;

Тақвияти интегратсияи амудӣ ва дастгирии ҷараёни кооператсияи
истеҳсолкунандагони пахта;

Содагардонии сохтори андозбандии соҳа;

Рушди ҷузъҳои инфрасохтори бозори соҳаи пахтакорӣ;

Ташкил намудани муҳити устувори тиҷорат, аз байн бардоштани монополияи шахсиятҳои алоҳида дар бизнеси пахта ва ҷалби сармояҳои бевосита ба бахши пахтакорӣ.

  1. Баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи пахтакорӣ:

Пешравиҳои сохторӣ дар қисмҳои асосии рушди соҳа;

Таҳияи стратегии самараноки маркетинг, таъмини чандирии бобати тағйироти вазъи бозори ҷаҳонии пахта ва тамоюлҳои ҷаҳонӣ;

Баланд бардоштани сифати пахта ва маҳсулоти он;

Паст намудани арзиши аслии истеҳсоли пахта ва коркарди
маҳсулоти он;

Татбиқи стандарти байналмилалии таснифоти нахи пахта.

  1. Пешравиҳои истеҳсолию технологӣ:

Рушди селексия ва беҳтар намудани ташкили тухмипарварӣ, истифодаи дастовардҳои ирсӣ ва Bt-пахта;

Баланд бардоштани дараҷаи механизатсия, махсусан дар марҳилаи
ҷамъоварии ҳосил;

пешина
аз 469
навбатӣ