Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 14. БАНАКШАГИРИИ СТРАТЕГИИ БАХШИ ПАХТАКОРИ
дар доираи Барномаи рушди пахтакории Тоҷикистон барои солҳои 2002- 2005 барои ноил гардидан ба мақсадҳои дар пешгузошта мусоидат карда натавонистанд.
Аслан, аз рӯи мазмун ва моҳияташ ислоҳоти соҳа ба ҷиҳатҳои тағйироти рушди истеҳсолию технологӣ оварда расонид. Бояд илова намуд, ки муносибатҳои таҳиягардидаи рушди пахтакорӣ асосҳои аниқи иқтисодӣ, низоми ташкилӣ, мутобиқати технологӣ ва таъминоти молиявиро надоранд.
Барномаи рушди пахтакорӣ то марҳилаи соли 2020 ҳам амалан татбиқнашаванда аст.
Фарзияҳои объективии ташкили стратегияи принсипиалии нави рушди соҳа бо дарназардошти тағйироти ҳақиқии муосир бо омилҳои асосии зерин вобастаанд:
• Ташкил ва рушди иқтисоди гуногунсамта дар бахши аграрӣ, ки
амалан паст намудани имкониятҳои хариди хоҷагиҳои пахтакор
ва якбора паст намудани таъминоти техникии соҳаи кишоварзиро
дар бар мегирад;
• Камбудии муҳими захираҳои молиявӣ барои амалисозӣ, истеҳсол
ва ҷалби захираҳои сармоягузорӣ;
• Паст намудани ҳаҷми истеҳсолот ва ҳосилнокӣ.
Стратегияи рушди соҳаи пахтакорӣ бояд ба донишу малака ва пешгӯии тамоюлҳо ва рушди мунтазами бозори ҷаҳонии истеҳсол ва истифодаи пахта нигаронида шуда бошад, инчунин ба тағйироти ҷузъии нархи бозор ва омилҳои истеҳсолот бояд эътино намуд. Бешак, дар стратегия бояд оқибатҳои буҳрони молиявӣ, васеъ гардидани ҳудудҳои савдои ҷаҳонӣ ҳам аз ҷиҳати мусбӣ ва ҳам аз ҷиҳати манфӣ, инчунин бартарӣ ва талафот дар робита ба воридшавии Тоҷикистон ба СУС ба инобат гирифта шаванд.
Аз ин лиҳоз, ба стратегияи рушди пахтакорӣ бояд тағйироти куллӣ ворид карда шаванд, зеро ки шартҳои истеҳсолот ва муносибатҳои истеҳсолии соҳа куллан тағйир ёфтанд ва таҳияи Стратегияи миллии рушди устувори соҳаи пахтакорӣ дар Тоҷикистон барои соли 2020 мақсаднок мебошад.
Мақсади Стратегияи миллӣ бояд ба ташаккули бахши пахтакории самаранок равона гардад, ки рушди бонизом ва устувори истеҳсолот, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар заминаи бартариҳои рақобат, омилҳои интенсивии бозор, аз худ намудани дастовардҳои илму техника, технологияҳои муосир, менеҷменти пешқадам ва системаи муосири маркетингро таъмин менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор