Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
• Андози содирот барои фурӯши нахи пахта ба хориҷи мамлакат зарур аст? Имтиёзҳои андоз, ки барои кишти пахта ба фермерон пешниҳод шудаанд, қаноаткунанда мебошанд?
Агар масъалаҳои зерин баррасӣ карда шаванд, интихоби стратегӣ аз рӯи масъалаҳои асосии рушди стратегии соҳаи пахтакории Тоҷикистон нисбатан асоснок мегарданд:
• Чӣ гуна ҳавасмандкунии иқтисодии истеҳсоли пахтаро тақвият додан лозим аст ва дар мавриди якбора бад гардидани шартҳои бозори ҷаҳонии пахта кафолати давлатиро барои истеҳсолкунандагон таъмин намудан лозим аст;
• Механизми суғуртаи таваккалҳо ҳангоми истеҳсол, коркард ва маблағгузории соҳаи пахтакорӣ ва маҳсулоти он;
• Баланд намудани сифати коркарди аввалияи пахта;
• Нигоҳ доштани бартариҳои рақобатнок на танҳо аз ҳисоби хароҷоти нисбатан пасти истеҳсолӣ ва қувваи арзони корӣ, балки аз ҳисоби баланд намудани ҳосилнокӣ, баланд намудани сифати нахи пахта ҳангоми барориши баланди он;
• Ташкил намудани системаи пешгӯии тамоюлҳои ҷаҳонии рушди бозорҳои пахта ва омилҳои асосии истеҳсолӣ барои интихоби трейдерҳо ва интиқолдиҳандагон;
• Тартиб додани моделҳои пешгӯии стратегӣ.
Стратегияи рушди устувори соҳаи пахтакории Тоҷикистон
Стратегияи амалкунандаи рушди пахтакорӣ аз ҷараёни бозсозӣ ба мерос мондааст ва дар асоси модели куҳнашудаи то марҳилаи ислоҳот, ки аз рӯи шаклаш чизи нав буд, заминагузорӣ шудааст. Дар асл, ислоҳоти соҳа ҳангоми вайрон гардидани ҳамаи ҷузъҳои бахши пахтакорӣ ба тағйироти фаъолияти соҳибмулк оварда расонид. Яъне, соҳибмулк бо тағйир ёфтани сохтори соҳа ва тағйироти он дигар имконияти пурраи фаъолияти мақсадноки худро аз даст дод. Стратегияи рушди соҳаи пахтакорӣ танзими ташкилӣ, мутобиқати технологӣ ва асоснокии иқтисодиро надорад.
Система ба маҷмӯи корхонаҳое табдил ёфт, ки аз соҳа дур карда шуда, барои зинда мондан ба як ҷониб партофта шуданд. Аз ин лиҳоз, стратегияи рушди пахтакорӣ бояд тағйироти куллиро дар бар гирад, зеро ки шароитҳои истеҳсолӣ куллан тағйир ёфтанд ва худи соҳа аз ҷиҳати сифатнокӣ ҳолати дигарро гирифтааст.
Зарурати талаботи нав барои рушди соҳа дар асоси талаботи бозор, махсусан дар марҳилаи баъди низоъҳои миллӣ тақозо намуд, ки мазмун ва истифодаи муносибатҳои алтернативӣ дар марҳилаи гузариш аз нав карда шаванд. Кӯшишҳои амалишуда барои ислоҳоти соҳаи пахтакорӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор