Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 14. БАНАКШАГИРИИ СТРАТЕГИИ БАХШИ ПАХТАКОРИИ

Ахборотӣ ва инноватсионӣ:
• Дастрасӣ надоштан ба технологияҳои муосири иттилоотӣ ва шабакаҳои интернетӣ;
• Сатҳи пасти маълумотрасонии фермерон, алалхусус бо маълумоти маркетингӣ;
• Мавҷуд набудани базаи ягонаи маълумотдиҳӣ дар сатҳи хоҷагӣ – ноҳия – вилоят — мамлакат;
• Камбудиҳо дар ташкили хадамоти ахборотию машваратӣ барои фермерон;
• Мавҷуд набудани системаи татбиқи инноватсияҳо ва технологияҳои пешрафта, марказҳои намоишӣ.

Иҷтимоию демографӣ;
• Мавҷуд набудани имконияти маблағгузориҳои рушди деҳот;
• Рушд накардани инфрасохтори деҳот;
• Сатҳи баланди камбизоатӣ дар деҳот;
• Рафтани кадрҳои соҳибтахассус ва зиёд гардидани муҳоҷират, махсусан дар байни ҷавонон;
• Истифодаи қувваи меҳнати кӯдакон, махсусан дар давраи ғунучини ҳосил.

Ҳамин тариқ, системакунонии мушаххас ва равшани соҳаи пахтакорӣ барои гузаронидани ислоҳоти самараноку мақсаднок ва ба таҳияи чораҳои зарурӣ ҷиҳати татбиқи онҳо имконият медиҳад.

14.3. СТРАТЕГИЯИ ОЯНДАДОРИ РУШДИ СОҲАИ ПАХТАКОРИИ ТОҶИКИСТОН

Алтернативаи стратегӣ ва интихоби стратегӣ

Дар назди соҳаи пахтакории Тоҷикистон чунин алтернативаҳои стратегӣ меистанд, ки бо хусусияти истеҳсолию технологӣ ва молиявию иқтисодидошта муайян мешаванд:
• Дар оянда кадом намуди пахтаро дар чӣ қадар масоҳат кишт намудан лозим, ҳамчунин вобаста ба пешгӯиҳои талаботи ҷаҳон навъи маҳиннах ва ё миёнанахи пахта кишт кардан лозим аст?
• Кадом навъи пахтаро кишт намудан фоидаовартар аст: дурағаҳои маҳаллӣ ва ё хориҷӣ?
• Кадом намуди пахта бартарӣ дорад: анъанавӣ, органикӣ, ё ки аз ҷиҳати ирсӣ дигаргуншуда?
• Ба ҷамъоварии дастӣ ё мошинии пахта бартарӣ дода мешавад?
• Барои корхонаҳои коркарди пахтаи маҳаллӣ кадом сатҳи минималии коркарди дохилии нахи пахта лозим аст?

пешина
аз 469
навбатӣ