Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
дар мукаммалӣ ва фарогирии васеъ, бартаринокӣ, такроршавӣ дар сатҳи идоракунӣ инъикос мегардад.
Таснифоти системавии проблемаҳои рушди соҳаи пахтакории мам- лакат:
Консептуалӣ:
Сиёсати ноустувори аграрӣ ва тарзҳои танзими давлатӣ;
Ташкил нагардидани бозори озоди пахта ва бозорҳои МТР, рақобати заиф;
Мавҷуд набудани ҳавасмандиҳои иқтисодии рушди соҳаи пахтакорӣ дар фермерон;
Мухолифати манфиатҳои иқтисодии ширкаткунандагони тиҷорати пахта.
Институтсионалӣ:
Номукаммалӣ ва ҳамоҳангии сусти қонунгузорӣ;
Номукаммалии ислоҳоти замин;
Самаранокии пасти системаи идоракунии пахтакорӣ ва тамоми бахши аграрии мамлакат;
Ғайриқаноатбахш будани менеҷмент дар хоҷагиҳои фермерӣ;
Рушд накардани ҷузъҳои инфрасохтори бозор.
Молиявию иқтисодӣ:
Механизмҳои иқтисодии номукаммал ва ба итмомнарасида;
Ба захираҳои молиявӣ ва қарзҳо дастрасии озод надоштан;
Самаранокии пасти соҳа ва даромаднокии фермерон;
Ташкили сусти ва амалинамоии ҳисобдории муҳосиби дар хоҷагиҳои фермерӣ;
Системаи ғайрисамараноки андозбандиҳо.
Истеҳсолию технологӣ:
Вайрон шудани механизми истеҳсолӣ ва риоя нагардидани агротехнология;
Сохтори ғайрисамараноки ташкили тухмипарварӣ;
Сатҳи пасти хизматрасонии техникӣ;
Ҳолати бади системаи обёрикунанда;
Истифодаи сусти технологияҳои самаранок ва захиракунанда.
Ташкилию техникӣ:
Мавҷуд набудани системаи идоракунии сифати маҳсулот мутобиқи меъёр ва стандартҳои ISO;
Гузариш ба Системаи байналмилалии баҳисобгирии муҳосиби амалӣ нагардидааст;
Набудани ҳисобот ва назорати истифодаи об, ҳисоби сусти хароҷоти қувваи барқ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор