Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 14. БАНАКШАГИРИИ СТРАТЕГИИ БАХШИ ПАХТАКОРӢ
Барои муқоисаи таҳлили мавқеи рақобатноки Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон аз арзиши хароҷоти истеҳсоли пахта метавон маълу- моти тадқиқотиро (МКСХ) дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон истифода намуд.
Омили муҳими гузаронидани таҳлили сифатноки стратегии соҳаи пахтакории Тоҷикистон ташкил намудани системаи самараноки пешгӯии дурнамо дар асоси методҳои банақшагирии стратегӣ ба шумор меравад.
Нишондодҳои пешгӯишаванда бо имкониятҳои ҳақиқии соҳа, ҳолати кунунии он, иқтидори истеҳсолию иқтисодӣ, ҳосилнокии замин, дараҷаи тухмипарварӣ ва сифати тухмӣ, таъминоти техникӣ ва омодагии паркҳои мошинҳо ба давраи кишту кор, сатҳи механизатсия ва кимиёкунӣ, ғизодиҳии мукаммал бо нуриҳои минералӣ, ҳолати мелиоративии заминҳо ва таъминот бо об ва аз ҳама муҳим, таъминоти молиявӣ ва ҳавасмандии иқтисодии истеҳсолкунандагони пахта алоқамандии хуб надоранд. Дар баробари ин барои пешгӯии самаранок бояд омилҳои маркетинги беруна - тамоюлҳо ва калавишҳои нархҳои ҷаҳонии нахи пахта, истифодабаран- дагони қувваи барқ ва нуриҳои асосии минералӣ, истифодаи навъҳои нав ва технологияҳои ояндадори сарфаи қувваи барқ, ҳатто омилҳои табиию иклимии сол низ ба эътибор гирифта шаванд.
Имрӯз нуқтаи истеҳсоли безарари пахта бо дарназардошти нархҳои мавҷудаи бозори ҷаҳонӣ ба қувваи барқ ва нуриҳои минералӣ, ноустувории нархи нахи пахта дар биржаи пахтаи Ливерпул 22 с/га - ро ташкил ме- намояд. Ҳангоми банақшагирии стратегии соҳаи пахтакорӣ бояд танҳо заминро ба инобат гирифт, ки ҳосилнокии он имконияти гирифтани 25 сентнер аз як гектар ҳосилро таъмин менамояд. Барои ин бояд заминҳое маблағгузорӣ карда шаванд, ки барои додани чунин миқдор ҳосил қувват доранд ва аз заминҳои ҳосилнокӣашон нисбатан паст даст кашидан беҳтар мешуд.
Систематикунонии муаммоҳои соҳаи пахтакории Тоҷикистон
Муаммоҳои рушди соҳаи пахтакории Тоҷикистон хеле зиёданд, онҳо гуногун ва ҳудуди онҳо васеъ буда, раванди тез ва босуръат доранд.
Тарзи самараноки ҳалли масъала ва муаммоҳои муҳими соҳаи пахтако- рии мамлакат, ки бисёрҷониба аст, ин методологияи системавӣ мебошад. Фаҳмиши амиқи сабабҳои асосии дохилии ба миён омадани мушкилоти соҳа, таснифоти мушаххас ва номбаркунии дурусти онҳо барои қабули қарорҳои муҳим ва ҳалли масъалаҳои соҳаи пахтакорӣ ва заминаҳои асосии ташаккули онҳо мусоидат менамоянд. Мақсади таснифоти систе- мои проблемаҳои соҳаи пахтакорӣ ва сабабҳои асосии ташаккули онҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор