Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Бо суръати ҷаҳонишавии савдо ва беҳтар гардидани дастрасӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии пахта тамоюлҳои рушд ва тағйирот дар истеҳсоли пахта дар дигар мамлакатҳои ҷаҳон ба истеҳсолоти Тоҷикистон ва ҷараёни истеҳсоли пахта таъсири калон мерасонанд. Дар ин шароит барои Тоҷикистон, ки дар он суғурта намудани хатар ва таваккалҳои ноустувории нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ вуҷуд надорад, барои истеҳсолкунандагони пахта дастрас набудани дигар механизмҳо танҳо як роҳ аст. Ин роҳ ба инкишофи бартариҳои рақобатноки ба воситаи 2 омили ба ҳам алоқаманд вобастагӣ дорад:
• Баланд намудани ҳосилнокӣ ва беҳтар кардани сифати пахта;
• Кам кардани арзиши истеҳсол ва коркарди аввалияи пахта аз ҳисоби интиқоли самараноки захираҳои моддию техникӣ.
Қайд намудан лозим аст, ки хароҷот барои парвариши пахта аз рӯи сол ва мамлакатҳои истеҳсолкунандаи он, дараҷаи фарқият дар системаи парвариш, сатҳи механизатсия, тарзҳои обёрӣ, арзиши қувваи корӣ ва омилҳои асосии истеҳсолот фарқ мекунанд. Онҳо вариантсияи назарраси калавишро доранд – арзиши аслӣ аз рӯи гектар тибқи таҳлили Шӯрои байналмилалии машваратӣ оид ба пахтакорӣ (МКСХ - ICAC) дар солҳои 2006/2007-и мавсими пахтакорӣ аз 320 $/га калавиш дорад. Дар як қатор мамлакатҳои Африқо аз 320 $/га то 5,125 $/га дар Туркия 4,444 $/га дар Исроил калавиш ба назар мерасад.
Ҷадвали 14.4. Хароҷоти муқоисавӣ барои истеҳсоли 1 тонна нахи пахта (долл. ИМА).
№ Мамлакат Нек аз кишт Кишт Нашъунамо Ҳосилдори Тоза кардани содирот Ҳамагӣ
1 Аргентина 35,84 97,08 170,34 117,90 205,65 17,61 7,42 651,8
2 Бразилия 55,56 59,26 415,74 129,63 28,30 688,5
3 Чин 777,78 451,93 495,00 41,67 84,31 208,3 2.059,
4 Миср 920,00 128,35 455,65 314,78 100,38 41,74 41,7
5 Ҳиндустон 205,69 117,88 104,53 177,75 17,50 30,29 653,6
6 Эрон 313,24 105,63 596,73 251,88 122,13 151,57 1.541,2
7 Исроил 190,13 612,00 1.372,5 840,38 427,50 360,00 641,3 4.443,7
8 Қазоқистон 109,28 79,58 129,59 168,05 175,20 93,12 754,82
9 Мексика 213,08 395,28 487,76 308,41 307,77 253,35 1.965,6
10 Покистон 185,41 94,98 310,08 67,63 99,97 42,60 800,67
11 Сурия 449,17 325,31 824,83 540,17 37,64 146,71 2.323,8
12 Тоҷикистон 32,00 20,30 319,14 93,44 52,50 74,30 12,70 604,4
13 Туркия 959,85 834,77 1.435,61 721,50 578,41 595,45 5.125,6
14 ИМА 120,91 152,44 557,56 226,47 140,45 179,15 1.376,9
15 Ӯзбекистон 37,08 52,28 520,59 170,45 201,38 40,57 1.022,3

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор