Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 14. БАНАКШАГИРИИ СТРАТЕГИИ БАХШИ ПАХТАКОРӢ
маҳсулоти тайёри он аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Мамлакатҳои ҳамсояи истеҳсолкунандагони пахта - Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон татбиқи барномаҳои давлатиро оид ба рушди пахтакорӣ амалӣ менамоянд. Дар доираи онҳо аҳамияти бартаринок ба корхонаҳои коркарди пахта ва саноатис дода мешавад, ки коркарди сатҳи баланди нахи пахтаро таъмин менамоянд.
Ҳиссаи содирот амалан хеле баланд қарор дорад, ки аз сатҳи пасти коркарди маҳаллӣ шаҳодат медиҳад. Ҷуғрофия ва ҷойҳои содироти пах-таи мамлакат тағйир ёфт. Агар пеш пахтаи тоҷик бештар ба Федератсияи Россия содирот карда мешуд ва дар ин самт он пешсаф буд, пас имрӯз Тоҷикистон пахтаи худро ба зиёда аз 30 мамлакати ҷаҳон содирот ме-намояд.
Мавҷуд набудани ҷузъҳои самараноки инфрасохтори бозор ва пеш аз ҳама, дар амал фаъолият надоштани институтҳои бозор, ба мисли биржаҳо, бозорҳои фондӣ ва ғайра барои рушди босуботи соҳа имконият намедиҳад. Гузариш ба таснифоти байналмилалии сифати пахта то ҳанӯз бартариҳои назаррасро нисбати пахтаи тоҷик надодааст.
14.2. ТАҲЛИЛИ СИСТЕМАВИИ СОҲАИ ПАХТАКОРИИ ТОҶИКИСТОН
Таҳлили стратегии соҳаи пахтакорӣ
Бояд қайд намуд, ки таҳлили системаи ҳозираи истеҳсол, коркард ва фурӯши пахта аз он гувоҳӣ медиҳад, ки стратегияи рушди соҳа то ҳанӯз самти мушаххаси стратегиро доро нест.
Таҳлили рақибон ва мавқеи рақобатноки соҳаи пахтакории мамлакат дар бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар гузаронидани SWOT-таҳлил асос меёбанд. Қайд кардан лозим аст, ки натиҷаи гузаронидани таҳлили маз-кур таснифоти васеи омилҳои муҳити дохилӣ ва беруна мебошад, ки дар шакли зерин нишон дода шудаанд:
• Имкониятҳо – ҷонибҳои пуркувват – муайян намудани тамоулҳои рушди стратегӣ;
• Имкониятҳо – ҷонибҳои суст – муайян намудани тамоулҳои тағйир-оти дохилӣ;
• Хатарҳо – ҷонибҳои заиф – қайд намудани маҳдудиятҳои зиёди рушди стратегӣ;
• Хатарҳо – ҷонибҳои пуркувват – қайд намудани бартариҳои афзалиятноки стратегӣ.
SWOT-таҳлил барои ташаккули номгӯи амалҳои стратегӣ, ки ба устувор намудани мавқеи рақобатноки соҳаи пахтакорӣ ва рушди дурнамои он равона гардидаанд, мусоидат менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор