Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Барои баромадан ба сатҳи пешинаи рушди соҳаи пахтакорӣ ба Тоҷикистон чӣ халал мерасонад ва кадом маҳдудиятҳои объективӣ барои инкишофи устувори соҳа ба назар мерасанд?
Паст шудани ҳосилнокии замин бо сабаби риоя нагардидани корҳои агротехникӣ, махсусан коҳиш ёфтани системаи киштгардон; Мавҷуд набудани сохтори тухмипарварӣ ва тухмиҳои пастсифат; Сатҳи пасти таъминоти техникӣ ва ташкили номусоиди хизматрасониҳои техникӣ; Мушкилоти системаи таъминот бо об ва ғайриқаноатбахш будани ҳолати системаҳои обёрикунанда дар мамлакат; Дастрасии маҳдуд ба захираҳои молиявию техникӣ бо сабаби инкишоф наёфтани бозори омилҳои асосии истеҳсолот ва инфрасохтор; Сатҳи пасти менеҷмент, махсусан дар сатҳи хоҷагиҳо; Махсусан қарзҳои зиёди соҳа шаҳодати равшани ноустувории соҳаи пахтакорӣ дар мамлакат мебошад.
Ҳатто дар чунин ҳолат пахта ҳамчун зироати стратегӣ мафҳум ва моҳияти худро гум накардааст ва пахтакорӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар мамлакат ба ҳисоб меравад. Мафҳуми стратегӣ ин истилоҳи меросӣ буда, дар ҳамаи сатҳҳои идоракунӣ мазмуни баланд дорад.
Заводҳои пахтатозакунӣ нуқтаи баланди пирамидаи соҳа ба ҳисоб мераванд. Дар мамлакат 70 корхонаи коркарди пахта бо иқтидори коркарди 1,5 млн. тонна фаъолият доранд. Аммо иқтидори мазкур аз сабаби набудани маҳсулоти хом ҳамагӣ 25 фоиз истифода мешавад (ҷадвали 14.2).
Аз ҷониби дигар, таҷҳизоти корхонаҳои коркард куҳнаю фарсуда гаштаанд, ки ин ба барориши нахи пахта ва сифатнокии он таъсир расонида, самаранокии корхонаҳоро коҳиш медиҳад.
Ҷадвали 14.2. Ҷараёни рушди саноати коркарди пахта дар Тоҷикистон.
Нишондодҳо
Воҳиди
ченак
СОЛҲО
1991 2000 2005 2010 2012
Иқтидори истеҳсолии заводҳои коркарди пахта
млн.т 1,3 1,1 1,5 1,5 1,5
Истифодаи иқтидори истеҳсолии
заводҳои коркарди пахта
% 62,6 38,5 29,8 19,7 19,7
Истеҳсоли нахи пахта
Ҳазор
тонна
245,5 106,8 153,3 97,6 103
Маҳсулоти иловагӣ:
- тухмии пахта
ҳазор
тонна
480,3 182,8 265,0 186,5

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор