Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 14. БАНАКШАГИРИИ СТРАТЕГИИ БАХШИ ПАХТАКОРӢ

Истеҳсоли пахта дар мамлакат боз коҳиш ёфт. Раванди истеҳсоли пахта ва нишондиҳандаҳои асосии рушди пахтакорӣ дар Тоҷикистон дар ҷадвали 14.1 оварда шудаанд.

Ҷадвали 14.1. Нишондиҳандаҳои асосии рушди пахтакорӣ дар Тоҷикистон.

№ Нишондиҳандаҳо Воҳиди ченак 1991 1995 2000 2005 2010 2012
1 Майдони кишт ҳазор га. 298,8 268,4 238,6 288,7 162,4 199,2
2 Аз ҷумла, пахтаи машиннах ҳазор га 62,6 43,1 27,1 17,3 0,8 2,0
3 Истеҳсоли пахта ҳазор тонна 819,6 819,6 335,4 447,9 310,6 417,9
4 Аз ҷумла, пахтаи машиннах ҳазор тонна 189,2 189,2 34,0 28,5 1,7 3,8
5 Ҳосилнокии пахта с/га 27,4 15,3 14,1 15,6 19,3 20,1
6 Аз ҷумла, пахтаи машиннах с/га 30,2 14,8 12,5 16,4 22,2 18,8

Сарчашма: аз рӯи маводи: «Пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1991, 2008 – 2012». Агентии омори назди Ҳукумати ҶТ. - Душанбе, соли 2013, саҳ. 6-7 тартиб дода шудааст.

Хусусиятҳои истеҳсоли пахта:

• Якум, пахта ин зироати заҳматталаб буда, дар вақти нарасидани техника истеҳсоли он манфиатнок нест;

• Дуюм, пахта ҳамчун зироати техникӣ дар бозорҳои дохилӣ ва минтақавӣ дар шакли хом фурӯхта намешавад ва пахтакорон маҷбур мешаванд, ки пахтаро дар шакли хом ба корхонаҳои коркарди пахта супоранд ва дар зери шартҳои онҳо қарор гиранд;

• Сеюм, аз сабаби корхонаҳои коркарди пахта саривақт ҳисоббаробарӣ накардан ва нисбати истеҳсолкунандагони пахта хусусияти монополӣ доштанашон, муносибати яктарафа доштан ба нархгузорӣ, ба инобат нагирифтани ҳавасмандии истеҳсолкунандагон онҳо барои зиёд намудани майдони кишти ин зироат ҳавасманд нестанд.

Кам гардидани майдони кишти пахта ва ҳосилнокии паст сабабҳои асосии пастравии ҳосилнокии пахта мегардад. Нигоҳи амиқтар ба руш- ди пахтакорӣ ва мушкилиҳои онро системаи муносибатҳо ба истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти пахта роҳандозӣ менамояд.

пешина
аз 469
навбатӣ