Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

14.1. ФАРЗИЯҲО ВА ТАМОЮЛИ РУШДИ СОҲАИ
ПАХТАКОРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳолати кунунии соҳаи пахтакории Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон пахта зироати стратегӣ ба ҳисоб меравад. Ба истилоҳи «стратегӣ» соҳаи пахтакорӣ ҳамчун ифодакунандаи сиёсати миллӣ, таъмини содирот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва омилҳои ба даст овардани даромадҳо ба ҳисоб меравад. Дар ҳақиқат, пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон аст. 50 фоизи истеҳсоли маҳсулот ба соҳаи пахтакорӣ рост меояд ва 45 фоизи заминҳои обёришаванда барои пахтакорӣ истифода мешаванд. Соҳаи пахтакорӣ 75 фоизи аҳолиро бо василаҳои зиндагӣ таъмин месозад. Дар сатҳи миллӣ пахта сарчашмаи муҳими содиротиро (15 фоиз) ва 30 фоизи воридоти андозҳоро ташкил менамояд. Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои содироткунандаи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба шумор рафта, пахтаи он бо сифатнокии худ талаботи зиёд дорад.

Дар таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ пахта чун муаррифгар буд ва пахтакорӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ маҳсуб мегардид ва дастовардҳои асосӣ ба пешравиҳои соҳаи пахтакорӣ вобаста буданд. Тоҷикистон барои таъмини истиқлолияти пахтакории Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми калон гузоштааст. Аз солҳои 60-ум сар карда, то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон аз рӯи ҳосилнокии пахта ва сифати нахи пахта дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол менамуд. Ҷумҳурӣ аз рӯи истеҳсоли навъи пахтаи маҳиннах дар сатҳи шӯравӣ ҷои намоёнро ишғол менамуд.

Дар миёнаи солҳои 70-уми асри гузашта пахтакорони тоҷик ҳосилнокии беҳтаринро дар дунё - 33 сентнерӣ ва дастоварди беҳтарин дар соли 1980 - беш аз 1 млн. тонна истеҳсоли пахта бо ҳосилнокии баланд 34,5 сентнер аз як гектар буд, ки аз шуҳрати ин соҳа шаҳодат медиҳад.

Дар аввали солҳои 80-ум дар рушди соҳаи пахтакории Тоҷикистон тағйироти сифатнок ба амал омаданд, ки барои ташкили комплекси соҳаи пахтакории ҷумҳуриявӣ заминаи мусоид гузоштанд. Комплекси соҳаи пахтакорӣ на танҳо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта ва самаранокии он, балки сатҳу сифати коркарди онро то бароиши маҳсулоти ниҳоӣ - истеҳсоли матоъ ва либос дар бар мегирифт.

Дар таърихи навини Тоҷикистон рушди соҳаи пахтакорӣ хусусияти мухталиф дорад. Аз байн рафтани сохтори пешина ва таназзули
соҳаи пахтакорӣ дар солҳои 1991-1995 ба марҳилаи рушди минбаъдаи
он дар солҳои 1996-2004 иваз гардид. Дар солҳои 2005-2010 бошад,

пешина
аз 469
навбатӣ