Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 14. БАНАКШАГИРИИ СТРАТЕГИИ БАХШИ ПАХТАКОРӢ
«Бизнес нисбат ба ҳамаи машғулиятҳо болост ва додугирифти муттасил бо оянда аст; ин ҳисобкунии мунтазам, машқи ҳиссиётҳо барои пешбинӣ».
Ҳенри Люс.
СТРАТЕГИҲОИ БУЗУРГИ БИЗНЕС Сиёсати мо ин аст, ки ҳамаи чизи мумкинро месанҷем ва аз бебарории худ хушнуд мегардем.
Мо мехоҳем, ки одамон бисёртар аз Google истифода баранд.
Ман, дар ҳақиқат, дарк намудам, ки аксарияти одамон намехоҳанд, ки Google ба саволҳои онҳо ҷавоб диҳад, онҳо мехоҳанд, Google ба онҳо гӯяд, ки дар оянда чӣ бояд кард.
Эрик Шмидт Эрик Шмидт - Директори генералии Google
МУНДАРИҶА
14.1. Фарзияҳо ва тамоюли рушди соҳаи пахтакории Тоҷикистон
• Ҳолати кунунии соҳаи пахтакории Тоҷикистон
• Тамоюли рушди соҳаи пахтакории Тоҷикистон
• Таҳлили системавии соҳаи пахтакории Тоҷикистон
14.2. Таҳлили стратегии соҳаи пахтакорӣ
• Систематикунонии мушкилоти соҳаи пахтакории Тоҷикистон
14.3. Дурнамои рушди соҳаи пахтакории Тоҷикистон
• Алтернативаҳои стратегӣ ва интихоби стратегӣ
• Рушди устувори стратегии соҳаи пахтакории Тоҷикистон
14.4. Хулосаҳои мухтасар
14.5. Саволҳои санҷишӣ
14.6. Кейс-вазъият
АРБОБОНИ БАРҶАСТАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ Алфред Чандлер - асосгузори таърихи муосири бизнес аст, ки ба рушди менеҷменти стратегӣ таъсири калон дорад. Ӯ аввалин шахсе буд, ки маълумотро оид ба рушди муосири бизнеси калон систематикӣ намуд ва барои ташаккулёбии фаҳмиши мо дар бораи истилоҳоти муҳим, ба мисли «стратегия», «сохтори ташкилот» ва «қобилияти ташкилӣ» мусоидат намуд. Муаллифи гуфтори машҳури «сохтор аз қафои стратегия меравад» А. Чандлер мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор