Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Низоми мушоҳида ва мониторинги «Кредитс» ба талаботи мавҷуда ҷавобгӯ аст. Манбаи маълумотҳои ҳамаи филиалҳо ҳамарӯза бе таъхир муттаҳид мегарданд. Низом чандирӣ буда, қобилияти таъмини ҳисоботи гуногунро дорад. Низоми идоракунии маълумотҳо (НИМ) имконияти мушоҳидаи маълумотҳо доир ба мизоҷ (ҷинс, вазъияти шаҳрвандӣ, маълумот, шумораи фарзандон, шумораи истеъмолкунандагон ва аъзоёни оила) ва доир ба бизнеси мизоҷ (соҳаи фаъолият, миқдори кормандон, миқдори ҷойҳои кории ташкилшуда ва ғайра) дорад.

НИМ имконияти нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотҳои иловагӣ, масалан даромадҳои миёна ва хароҷоти хоҷагию хонаводагӣ дар як моҳ, ҳамчунин бо бизнес алақамандбударо дорад. Ин маълумотҳо дар рафти кори кумитаи қарздиҳӣ фаъолона истифода карда мешаванд. Мушоҳидаи мизоҷ маълумотҳоро доир ба мавқеъ (деҳот ва ё шаҳр), маблағи миёнаи қарз, фаъолони хоҷагию хонаводагӣ дар бар мегирад.

ИМОН бо истифодаи воситаҳои гуногуни баҳодиҳии қаноатмандӣ мавҷудияти низомҳои кофии тадқиқоти мизоҷхоро дорад, ки иттилооти расмӣ ва ғайрирасмиро дар бар мегирад. Бо кумаки НИМ мунтазам аз ҳамкории ширкат берун рафтани мизоҷон, сабабҳои рафтани онҳо ба воситаи пурсишҳо дар ҳама филиалҳо гузаронида шуда, таҳлил мегарданд. Ин маълумотҳоро шуъбаи маркетинг таҳлил менамояд.

САВОЛҲО:

  1. Миссияи ташкилоти қарздиҳии хурди «Имон Интернешнл» то кадом андоза ба мақсадҳо ва нишонҳои стратегӣ мувофиқат мекунад?

  2. Ба баробарвазнии байни нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва амалиётии стратегия ИМОН чӣ гуна комёб мешавад?

  3. Дар коркарди маҳсулоти нав дар бозори молиявӣ ҶСП «Имон Интернешнл» кадом стратегияро дастгирӣ менамояд?

  4. SWOT-таҳлили низомҳои мушоҳида ва мониторинги «Кредитс» ҶСП «Имон Интернешнл»-ро гузаронед.

пешина
аз 469
навбатӣ