Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 13. ТАҶРИБАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
пешниҳоди қарзҳои гурӯҳӣ ва алоҳида кӯшиш мекунанд, ки вобаста ба нақша бояд 70% ва 30%-ро аз миқдори умумии мизоҷони фаъол ташкил намояд.
Вобаста ба стратегияи ИМОН мақсадҳои зерин ба назар мерасанд:
• ташаккули шуҳрати пешсафӣ ва ташкили бомуваффақияти рушди иқтисодии Тоҷикистон бо мақсади васеъ намудани соҳаи фаъолият ба воситаи афзудани шабакаи дистрибюторӣ ва пешниҳоди маҷмӯи хизматрасониҳои молиявӣ ба аҳолии фаъоли иқтисодӣ;
• ташкил намудани ташкилотҳои даромаднок, иҷтимоию нишонғиранда ва шаффоф, идоракунандаи роҳбарият ва Шӯрои директорони босалоҳият, дорандаи нишони мустаҳкам барои арзишҳои корпоратӣ, этика, баробарии ҷинсӣ ва ғамхории мизоҷон;
• пешниҳоди маҷмӯи пурраи молу хизматрасониҳои молиявии дар бозор талаботдошта барои аҳолии Тоҷикистон, ки ба онҳо дастрасии нокифоя доранд, аз он ҷумла қарзҳо, маҳсулоти амонатӣ ва дигар хизматрасониҳои арзиши изофавӣ;
• дастгирӣ ва тезонидани таъсири мутақобилаи нисбатан самаранок байни мизоҷони ИМОН Интернешнл ва секторҳои расмии молиявӣ;
- таҳияи бизнес-моделҳо ба депозитҳои маҳдуд сафарбар ва ба доираи васеи мизоҷон равонашуда, аз он ҷумла занони қарзгиранда ва истеъмолкунандагони маҳсулоти амонатӣ бо даромадҳои паст.
Коркарди маҳсулоти нав раванди бефосиларо инъикос намуда, дар давраҳои муайяни возеҳ амалӣ мегардад. Шартҳои пешниҳоди маҳсулот монеаи аввал дар роҳи ҷалби аудиторияи мақсаднок - соҳибкорон, фермерон ва занон ба шумори намеравад. Низоми пешниҳоди маҳсулот хеле хуб таҳия шуда, ИМОН ба шабакаи васеи худ такя карда метавонад, ки дар вақтҳои наздик якчанд нуқтаҳои иловагии хизматрасонӣ ва терминалҳоро мекушояд. Мизоҷоне, ки қарзҳои индекси гирифта буданд, амалан аз тағйирёбии сатҳи асъор зарар надиданд, аммо дар давраи бӯҳрони ҷаримаҳо барои бозгашти пеш аз муҳлат қарзҳо бекор карда шуданд.
Дар шароити бӯҳрони молиявӣ нишондиҳандаи мақсадноки стратегия ҷоннокгардонии фаъолияти филиалҳо ва зердоираҳои мавҷуда ба шумор мерафтанд. ИМОН тадриҷан деҳотҳои наздикро ҷалб намуда, хусусиятҳои бизнес-соҳа, миқдори аҳолӣ ва умумияти рақибонро ба назар мегирад.
Барои ба мизоҷ наздик шудан ва кам кардани вақти хизматрасониҳо, ИМОН қабули пардохтҳоро дар терминалҳои пардохткунанда оғоз намуд (аз мобайнҳои моҳи августи соли 2010).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор