Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
ба таъсиси ташкилоти нави тиҷоратии қарздиҳии хурди «Имон Интернешнл» шурӯъ кард. Тағйирдиҳии сохтори тиҷоратӣ ба ташкилот барои ҷалби сармоягузорони хусусии хориҷӣ ва шарикони зиёди хориҷӣ имкониятҳои мусоид фароҳам овард.
Дар ҷараёни фаъолияти худ ширкат зиёда аз 280 000 амалиёти қарздиҳӣ, пардохти қарзҳоро ба маблағи умумӣ зиёда аз 68 млн. доллари ИМА амалӣ намуда, тарбияи кадрҳои хуб ва ташаккули коллективи устувору ба таври касбӣ тайёршударо роҳ монд. Имрӯзҳо дар сафи кормандони ин ташкилот зиёда аз ҳазор нафар фаъолият доранд.
Соли 2012 «Имон Интернешнл» устуворӣ ва мустаҳкамии молиявиро нишон дода, ҳаҷми сандуқи қарздиҳиро то 68,4 млн доллари ИМА зиёд намуд ва шумораи мизоҷонаш ба 58 ҳазор нафар расида буд. Комёбии натиҷаҳои назарраси молиявӣ ҷамъбасти стратегияи дар назардошта барои рушди ташкилот ба шумор рафта, ба самти афзоиши амалиёти зиёд равона карда мешавад.
Миссия: мусоидат дар рушди иқтисодии Тоҷикистон ва беҳтаршавии сатҳи зиндагии аҳолӣ бо роҳи таъмини устувори дастрасӣ ба маблағҳо ба таври иқтисодӣ ва шаффофияти хизматрасониҳои молиявӣ.
Аудиторияи мақсаднок ба таври иқтисодӣ фаъол фаҳмида мешавад. Новобаста аз он, ки ин дар ифодаи миссия қайд карда нашудааст, асосан ба ташкилотҳои хурд, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва занон такя карда мешавад.
Ба қарзҳои хурд ва ба таври истисноӣ, ба аҳолии деҳот диққати бештар дода мешавад. Дар роҳбарияти асосӣ ва аъзоёни Шӯрои директорон мафҳуми умумии ният ва мақсадҳо ба таври кофӣ мавҷуд аст. Барои таъмини хизматрасонии босифат, дастрас ва боэътимод ИМОН ба мизоҷон такя мекунад.
Стратегияи ИМОН барои комёбӣ ба баробарвазнӣ байни нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва амалиётӣ, таваҷҷуҳ ба дараҷаи иҳотаи ҷиҳатҳои иҳотаи ҷуғрофӣ, инчунин зиёд намудани шумораи мизоҷон равона мешавад. Ташкилот барои афзудани даромадҳои хоҷагиҳои хонаводагӣ ба воситаи зиёдкунии низомии маҷмӯи хизматрасониҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ, беҳтаркунии доимии дастгирии мизоҷон, шаффофияти фаъолият, салоҳияти касбии кормандон ва устувории молиявӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Мақсад ва вазифаҳои стратегияи ИМОН дар ченакҳои муҳими мақсаднок инъикос нагардида, дар бизнес-нақшаи чории тасвияти СМАРТ мақсадҳои иҷтимоӣ низ дида намешавад. Ташкилоти роҳбарикунанда ва роҳбарияти асосӣ ба таври ғайрирасмӣ барои паст намудани ҳаҷми миёнаи қарзҳо барои афзудани ҷалби мизоҷҳо бо роҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор