Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗЪИ 13. ТАҶРИБАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

дониста шуда, самаранок истифода мешаванд. Ба сифати таркиби асосии истифодаи муваффақонаи менеҷменти стратегӣ инҳо баромад мекунанд:
зинда мондан, натиҷагирӣ ва маҳсулнокӣ, инчунин меъёрҳои стратегияи муваффақ - муфидӣ, қобили қабул будан ва амалишавандагӣ.

13.5. САВОЛҲОИ САНҶИШӢ:

  1. Давраҳои таърихии рушди менеҷментро дар Тоҷикистон номбар намоед. Ташаккули шартҳои асосии менеҷменти стратегӣ дар Тоҷикистон кай ба амал омаданд?

  2. Масъалаҳои ҳалталаби рушди менеҷменти стратегӣ дар Тоҷикистон дар чӣ зоҳир мегарданд, хусусиятҳои масъала вобаста ба дохилшавии Тоҷикистон ба СУС дар чист?

  3. Омилҳои субъективии рушди менеҷменти стратегиро дар Тоҷикистон номбар кунед.

  4. Дар кадом соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ масъалаҳои ба нақшагирӣ ва менеҷменти стратегӣ беҳтар ба роҳ монда шудаанд?

  5. Барои татбиқи муваффақонаи усулҳои идоракунии стратегӣ дар Тоҷикистон кадом шартҳои принципиалии заруранд?

  6. Дар ширкатҳои бузурги Тоҷикистон кадом стратегияҳои корпоративӣ истифода бурда мешаванд?

  7. Кадом стратегияҳои махсус дар бизнеси хурд истифода мешаванд?

  8. Дар таҷрибаи хоҷагидории Тоҷикистон кадом менеҷменти стратегии таркибии муваффақ истифода шуда, онҳо бо кадом меъёрҳои самараноку баҳо дода мешаванд?

  9. Низоми мушоҳида ва мониторинги «Кредитс» дар ташкилоти хурди молиявии Имон Интернешнл чӣ гуна ташкил шудааст?

13.6. КЕЙС-ВАЗЪИЯТ

СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТИ ҚАРЗДИҲИИ АМОНАТИИ
ХУРДИ ҶСП “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ”

Дар соли 2005, пас аз қабули қонун доир ба фаъолияти молиявии хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор оид
ба ташкили муассисаи ғайритиҷоратии Фонди Имон
(Донишкадаи молиявии хурд, ки бо ташаббуси Ассосиатсияи миллии занони кордон таъсис шудааст) қабул
гардид. Бо мақсади васеъ намудани фаъолияти худ, зиёд
кардани мизоҷон ва тавсеаи доираи хизматрасониҳои
молиявӣ моҳи ноябри соли 2007 таъсискунандагони Фонд

пешина
аз 469
навбатӣ