Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

таҳвилгарони захираҳо, инчунин истифодаи воситаҳои нав ва татбиқи технологияҳои пешрафта паст намудани хароҷотро ба назар мегирад.

Стратегияи паст намудани хароҷоти истеҳсолӣ бо роҳи татбиқи алоқаҳои мантиқии муносиб ба паст кардани хароҷоти нақлиётӣ вобастагӣ дорад. Барои ташкилот ташкили ҷамъоварии иттилооти саҳеҳ дар бораи мизоҷон ва шарикон, ташаккули манбаи маълумот доир ба истеъмолкунандагон ва таҳвилгарон барои паст кардани хароҷот имконият медиҳад.

Нисбат ба бизнеси хурд татбиқ намудани усулҳои менеҷменти стратегӣ барои рушди соҳибкории хусусӣ самти ояндадор буда, тавсеа ва истифодабарии он дар Тоҷикистон мақсаднок аст.

13.4. ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР

  1. Модели ҷолиби ватании менеҷмент дарки моҳиронаи таҷрибаҳои хориҷӣ бо назардошти хислатҳои хоси миллӣ, яъне ҷамъбасткунии таҷрибаҳои ҷаҳонии идоракунии самаранок ва таҷрибаҳои мавҷудаи ватанӣ дар асоси хусусиятҳои миллию таърихии маданияти мо мебошад. Ташаккули объективии стратегияи менеҷменти ватанӣ ба охири давраи дуюм ва аввали давраи сеюми рушди менеҷмент дар Тоҷикистон, яъне аввалҳои асри XXI рост меояд. Ба идоракунии корпоративӣ тавассути фаъолнокии КБМ диққати асосӣ дода мешавад.

  2. Масъалаҳои асосии рушди менеҷменти стратегӣ дар Тоҷикистон инҳоянд: қобилияти рақобатнокии паст, масъалаи мувофиқат накардани манфиатҳои соҳибмулкҷон, менеҷерон, хизматчиён ва ҷомеа, мутахассисони касбӣ, ҷаҳонишавӣ ва воридшавии Тоҷикистон ба СУС.

  3. Дар таҷрибаи хоҷагидории Тоҷикистон менеҷменти стратегӣ дар раванди ташаккулёбӣ буда, хусусияти хоси он ба пешрафти идоракунии дарозмуддат равона карда мешавад. Банакшагирии стратегӣ ва менеҷменти стратегӣ танҳо дар соҳаҳои бонкӣ ва молиявии хурд, ширкатҳои мобилӣ нисбатан беҳтар ба роҳ монда шудаанд.

  4. Рушди ояндаи менеҷменти стратегияи Тоҷикистон дар шароити шомилшавӣ ба СУС ба шартҳои принципӣ ва зерин асос меёбад: маданияти баланди муносибатҳои бозорӣ, маданияти корпоративӣ; дастрасӣ ба иттилооти васеъ ва саҳеҳ дар бораи талаботи бозор, нархҳо, захираҳо, шарикон ва рақибон; мавҷудияти кормандони дорандаи маҳорати идоракунии стратегӣ ва тафаккури стратегӣ.

  5. Як қатор вариантҳои стратегияҳои корпоративӣ (ҳамгироии уфуқӣ, забти бозор, муассисаҳои муштарак), инчунин стратегияҳо барои бизнеси хурд: стратегияи молӣ, стратегияи захиравӣ ва стратегияи пасткунии хароҷоти истеҳсолӣ дар таҷрибаи хоҷагидорӣ мутобиқ гар-

пешина
аз 469
навбатӣ