Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 13. ТАҶРИБАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

  1. Таҳлил ва баҳодиҳӣ. Дар ин давра алтернативаҳо таҳлил карда шуда, дараҷаи муфид будани онҳо барои ноил гардидан ба мақсадҳои асосии ширкат баҳо дода мешавад; 3. Дар давраи ниҳои стратегияи асосии рушд ба ворид намудани ислоҳот дучор мегардад ва коркарди стратегияи иловагии онро нигоҳ медорад.

Омилҳое, ки ба таври возеҳ ба интихоби стратегия таъсир мерасонанд, инҳоанд:

  • арзишҳое, ки ба қабули қарори менеҷерони асосии ширкат таъсир мерасонанд;
  • тавсифи мақсадҳои гузошташудаи ширкат;
  • пешгӯишавӣ ва ҳолати муҳити беруна;
  • таваккалҳое, ки роҳбарият барои татбиқи стратегия ба онҳо тайёр аст;
  • тарафҳои пуркувват ва заифи ширкат, иқтидори он;
  • таҷрибаи истифодаи стратегияҳои пешина;
  • омили муваққатӣ.

Татбиқи стратегияи рушди ширкат аз самаранокии татбиқи тағйироти стратегия вобастаанд, ки дар маданияти ташкилӣ ва сохтори ташкилот тағйироти асосӣ то кадом андоза иҷро карда мешаванд.

Коркарди ҷузъҳои стратегия

Муаммоҳои асосии ташкилот рақибон, ҳиссаи хурди бозор, номаълумии тамғаи савдо мебошанд.

Дар асоси таҳлили стратегӣ бартариҳои рақобатнок чунин муайян карда шуданд:

  • самаранокии меҳнат дар натиҷаи махсусгардонии намуди кор, нисбатан пурратар истифода намудани иқтидори захираҳои инсонӣ;
  • рушди инфрасохтори истеҳсолӣ – нақлиёт, алоқа, хоҷагиҳои анборӣ;
  • мавҷудияти муносибатҳои тарафайни дарозмуддат.

Истифодаи стратегияҳои гуногун ва ё ҷузъҳои алоҳидаро дар ҶММ «Мастер» дида мебароем.

Стратегияи молӣ қарори дахлдор ба фаъолияти ширкат доир ба васеъкунии ҳаҷми фурӯши мол аст. Барои ин тавсеаи номгӯй ва маҷмӯи маҳсулоти ба фурӯш пешниҳодшударо амалӣ кардан лозим аст. Вариантҳои асосии ифодаи таркибии номгӯй аз чорабиниҳои зерин иборат аст:

  • тағйирдиҳии рӯйхати гурӯҳҳо;
  • тағйирдиҳии таносуби ин гурӯҳҳо дар ҳаҷми умумии фурӯш.

Стратегияи захиравӣ нисбати захираҳои аз ҳисоби истифодаи оқилонаи алоқаҳои ба танзимдаровардашуда ва кооператсия бо шарикони нав –

пешина
аз 469
навбатӣ