Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 14. БАНАКШАГИРИИ СТРАТЕГИИ БАХШИ ПАХТАКОРӢ
- тухмиҳои техникӣ
ҳазор тонна
378,4
71,6
70,3
39,5
- равғани растанӣ
ҳазор тонна
76,1
23,1
27,8
17,6
-
- маълумот мавҷуд нест.
Аз рӯи маводи: «Тоҷикистон дар факту рақамҳо: 2012» (маҷмӯи омории Агенттии омори назди ҲҶТ). - Душанбе, 2012.- 218 с. омода шудааст.
- маълумот мавҷуд нест.
Ҳолати монополии заводҳои коркарди пахта барои ҳавасмандии пасти истеҳсолкунандагон сабаб гардида, ба оқибатҳои зерин оварда мерасонанд:
• Самаранокии пасти корхонаҳои коркарди пахта, ҳолати бади анборҳои нигоҳдории нахи пахта, ки ба гуногунсифатии он оварда мерасонанд;
• Ҳиссаи пасти фермерон аз даромад, ки ин омил ҳавасмандиро нисбати беҳтар намудани сифату ҳаҷми истеҳсоли зироат паст менамояд;
• Шаффофияти нокифояи таҷрибаи маркетинг, ки аз ҷониби сармоягузорон истифода мешавад.
Тамоюли рушди соҳаи пахтакорӣ
Бозори пахта ва маҳсулоти он яке ҷузъҳои калонтарини бозори аграрӣ, ҳам аз ҷиҳати саҳм дар иқтисоди миллӣ ва ҳам аз ҷиҳати содирот ва воридшавии маблағҳо ба буҷет ба шумор меравад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва суръатнокии иқтисоди ҷаҳонӣ имкониятҳои иқтисоди миллӣ барои истифодаи самараноки бартариҳои табиию иқлимӣ, ҳудудӣ ва захиравӣ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобаткунанда дар бозори ҷаҳонӣ равона гардидааст. Равандҳои мазкур бевосита имконият фароҳам меоранд, ки иқтисоди миллӣ рушд ёбад ва дар ин замина зиндагии аҳолӣ нисбатан беҳтар гардад.
«Дар таърих кадом ҳодисае ба амал наояд, пахта ҳамеша моле эътироф гаштааст, ки дар иқтисоди миллӣ - аз кишоварзӣ сар карда, то саноатӣ тағйироти куллиро ворид намудааст». - қайд менамояд директори иҷроияи кумитаи машваратӣ оид ба пахта Терри Таунсенд. Ин гуфтаҳо инъикосгари тамоюлҳои дар бозорҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва бозорҳои Тоҷикистон ба амаломада мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор