Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 13. ТАҶРИБАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
• кӯшишҳои афзуншаванда ба аутсорсинг, ки ба ширкатҳои бузург хосанд. Ин ширкатҳо бо майлу рағбат қисми вазифаҳои худро ба ташкилотҳои нисбатан хурди якуҳт вогузор мекунанд, ки ба паҳн шудани интернет-технологияҳо мусоидат мекунад;
• пайдошавии субъектҳои иқтисодии нав дар тамоми ҷаҳон рушди глобалиро суръат бахшид, ки дар навбати худ ба рушди ояндаи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Ташкилотҳои хурд на танҳо дар соҳаи истеъмолӣ, балки дар ҷузъҳои алоҳида ва механизмҳои хурди истеҳсолӣ, маҳсулоти нимтайёр (полуфабрикат) ва дигар ҷузъҳои барои истеҳсоли маҳсулоти интиҳои зарурӣ, ки истеҳсоли онҳо барои ташкилотҳои бузург фоидаоваранд, самаранок мебошанд. Бартарӣ ва норасоиҳои асосии бизнеси хурдро ба таври мухтасар ифода кардан мумкин аст (ҷадвали. 13.2).
Ҷадвали 13.2. Бартарӣ ва норасоиҳои бизнеси хурд.
| Бартариҳои бизнеси хурд | Норасоиҳои бизнеси хурд |
|---|---|
| Истифодаи соҳаҳое, ки барои соҳибкории калон бефоида мебошанд. | Сатҳи нисбатан баланди хатар, ки ба дараҷаи баланди мавқеи ноустувор дар бозор вобаста аст. |
| Ба назар гирифтани шароит ва хусусиятҳои маҳаллӣ. | Вобастагии калон аз ширкатҳои бузург; хатоҳо дар идоракунии фаъолияти шахсӣ. |
| Нисбатан гардиши баланди сармояи хусусӣ. | Салоҳияти пасти роҳбарият, ҳассосияти баланд ба тағйироти шароити хоҷагидорӣ. |
| Талаботи нисбатан паст ба сармояи аввалиндараҷа ва қобилияти воридкунии босуръати тағйирот ба маҳсулот ва дар раванди истеҳсол дар ҷавоб ба талаботи бозорҳои маҳаллӣ. | Душвориҳои азхудкунии воситаҳои молиявии иловагӣ ва гирифтани қарзҳо. |
| Имконияти васеи татбиқи ақидаҳо, зоҳир намудани қобилиятҳои худ. | Ноустуворӣ ва эҳтиёткории шарикони хоҷагидорӣ ҳангоми бастани шартномаҳо. |
| Нисбатан хароҷоти на он қадар баланд барои идоракунӣ ҳангоми амалигардонии фаъолият (сарфакунии БХМ). | Маҳдудияти захираҳо. |
| Мутобиқшавии нисбатан босуръат ба шароитҳои хоҷагидории маҳаллӣ. | Қонуниятҳои пасти бизнеси хурд. |
| Қабул ва иҷрои чандирӣ ва фаврии қарорҳои қабулшуда. | Ноустувории бизнеси хурд. |

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор