Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
Фурӯши фаъоли маҷмӯи хизматрасониҳо ва амалиёти тарофавие, ки имконияти тағйирдиҳии сохтори трафикро ба ҷониби васеъкунии ҳиссаи трафики дохилишабакавӣ дорад;
Рушди ихтилофҳои махсус дар ҳама минтақаҳои мамлакат;
Гузаронидани лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва намуди зоҳирӣ (имидж);
Беҳтаргардонии тасаввуроти назарии (визуалӣ) ширкат аз нуқтаҳои дилерӣ, инкишофи хадамоти махсуси промоутерӣ.
Вобаста ба самаранокии стратегияи интихобшуда дар 5 соли охир «МегаФон-Тоҷикистон» афзоиши аз ҳад зиёди манбаи муштариёнро нишон дода, оид ба суръати афзоиш на танҳо рақибон, балки трендҳои афзоиши бозорро пурра пешдастӣ намудааст. Ба туфайли самти дурусти стратегӣ ва тарофаҳои чандирии сарфакорона дар якҷоягӣ бо сифати баланди алоқа «МегаФон-Тоҷикистон» дар се сол ба таври қатъӣ ҳиссаи бозор ва шуҳрати сарварии худро ташаккул дода, бренди худро дар ташкили шунавандагон ва ҷомеаи мақсаднок ҳамчун ширкати боэътимод мустаҳкам кард.
Стратегияи бизнеси хурд ва миёна
Дар давраҳои наздик татбиқи модел ва усулҳои менеҷменти стратегӣ бештар дар ташкилотҳои дорои бизнеси хурду миёна паҳн гардидааст. Дар ташкилотҳои хурд пешравии истифодаи менеҷменти стратегӣ бештар дар муҳиммияти саҳми ин соҳа нисбати ташкили ҷойҳои нави корӣ, нигоҳдории ҷараёни рушди иқтисодӣ ва некуаҳволии аҳолӣ асос меёбад.
Бизнеси хурд
Ташкилотҳои дорои бизнеси хурд аксаран дар бозорҳои на он қадар калон ва ё миқдоран маҳдуд бо интихоби молу хизматрасониҳои маҳдуд фаъолият мекунанд. Дар амалиёти онҳо стратегия ҳиссаи хурдро дошта, имконияти кушодани шуъбаи банақшагирии стратегиро надорад. Дар аксар ҳолатҳо бо ин кор роҳбари ташкилот машғул аст. Ҳавасмандӣ ва майли шахсии соҳибмулк ба стратегия таъсири сахт мерасонад. Ба ғайр аз ин, рақобатнокӣ омили муҳим буда, дар тиҷорати хурд хеле шиддатнок аст ва барои маблағгузориҳо имконият медиҳад.
Омилҳои зеринро номбар кардан мумкин аст, ки рушди бизнеси хурду миёнаро пуршиддат мегардонанд:
хусусигардонии ташкилотҳои давлатӣ ва ихтисори кормандоне, ки баъдтар дар ташкилотҳои хурд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданд;
устувории нисбии иқтисодиёти миллӣ, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ ҳавасманд мегардонад;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор