Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 13. ТАҶРИБАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ширкатҳои хориҷӣ бо ин ҷузъҳои таркибии менеҷменти стратегӣ кайҳо мусаллаҳ буда, муваффақиятҳои муайянро таъмин мекунанд. Дар шароити воридшавии корпорасияҳои хориҷӣ ба бозори Тоҷикистон бизнеси ватаниро зарур аст, ки аз усулҳои самараноки идоракунӣ бо назардошти менталитети тоҷикӣ ва хислатҳои хос истифода намоянд. Таҷрибаи истифодаи усулҳои менеҷменти стратегӣ имконияти ташкили бартариҳои устувори рақобатнокӣ мебошанд, ки фаъолияти ширкати «МегаФон-Тоҷикистон» тасдиқи ин гуфтаҳост.

Стратегияи ҶСП «ТТ мобайл»

3 сентябри соли 2001 нуқтаи баланди фаъолияти ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ мобайл» маҳсуб мегардад, ки соли 2010 ребрендинг гузаронида, расман зери бренди «МегаФон-Тоҷикистон» фаъолият менамояд.

«МегаФон-Тоҷикистон» ин корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Россия буда, хизматрасонии алоқаи мобилиро дар стандарти 3,5G - UMTS и GSM 900/1800 пешниҳод менамояд.

Мақсади асосии ҶСП «ТТ мобайл» барои зиёд кардани даромад васеъ намудани миқдори муштариён мебошад.

Фаъолияти ширкат ба самтҳои зерини стратегӣ равона карда шудаанд:
Мавқеъгирии ширкат ҳамчун танзимгари дастрас, босифат ва боэътимод;
Васеъкунии ҳиссаи бозор (доир ба муштариён);
Кор бо сегментҳои минтақавӣ, аз он ҷумла ба муҳоҷирати меҳнатӣ;
Рушди шабакаи хусусии дистрибюция дар минтақаҳо;
Фурӯши маҷмӯи хизматрасониҳо ба муштариёни корпоративӣ.
Ҷиҳати асосии мавқеи «ТТ мобайл» инҳоро дар бар мегирад:
Тағйири тамоюли мавқеъгирӣ аз «танзимкунандаи бонуфуз ва гарон» ба «танзимкунандаи дастрас ва боэътимод» барои ҳар як кас;
Бо истифода аз услуби миллӣ ва забони давлатӣ ва хусусиятҳои минтақавӣ мутобиқшавӣ ба менталитети маҳаллӣ;
Дар доираи самтҳои стратегӣ кӯшишҳои асосӣ барои инкишофи омилҳои зерин равона карда мешаванд:
Воридшавӣ ва пуршиддат гардонидани мавқеъ дар минтақаҳо;
Нигоҳдорӣ ва пуршиддат гардонидани мувофиқати қонунии манбаи муштариён;
Тарғиб намудани хизматрасониҳои иловагӣ, тағйирдиҳандаҳои тарофавӣ, тарофаҳо ва амалиёт оид ба интиқоли маълумот, хизматрасониҳои шабакавӣ ва ғайришабакавӣ;

пешина
аз 469
навбатӣ