Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

8 Ихтисор Дида баромадани сохтор барои кам кардани хароҷот ва ё қатъ намудани раванди пастшавии ҳаҷми фурӯш Ташкилот яке аз рақибони заифтарин дар соҳа ба шумор меравад. Ташкилот самаранок ва бодаромад набуда, аз тарафи саҳмдорон фишорро эҳсос мекунад. Ташкилот то давраи мазкур босуръат тараққӣ мекард, имрӯз зарурати таҷдиди омили дохилӣ ба амал омадааст.
9 Барҳамдиҳӣ Фурӯши тамоми активҳои ташкилот Стратегияи ихтисор натиҷаҳои дилхоҳ надод. Саҳмдорони ширкат талафоти худро бо роҳи фурӯши активҳо паст карда метавонанд.

Таркиби муваффақонаи идоракунии стратегии ташкилот

Зинда мондан. Барои зинда мондан аксарияти ташкилотҳо мақсадҳои худро давра ба давра иваз карда, онҳоро вобаста ба тағйирёбии талаботи муҳити беруна интихоб менамоянд.

Натиҷа (effectiveness) ва самаранокии (efficiency). Барои муваффақ шудан, зинда мондан ва комёб шудан ба мақсадҳои худ ташкилот бояд самаранок ("doing the things right") ва ҳамзамон натиҷабахш ("doing the right things") бошад. Ҳангоми интихоб намудани мақсади ташкилот натиҷа ба даст меояд, ки вобаста ба ягон талаботи муҳими ҷаҳонӣ амалӣ мегардад. Бо рақам баён намудани он душвор аст. Самаранокӣ нисбии ташкилот маҳсулнокӣ номида шуда, бо нишондиҳандаҳои миқдорӣ баҳо дода мешавад.

Маҳсулнокӣ (productivity) — ин муносибати воҳиди миқдории баромад ба воҳиди миқдории даромад аст. Таркиби асосии маҳсулнокӣ сифат аст. Маҳсулнокӣ дар ҳама сатҳҳои ташкилот омили муҳим барои зинда мондан ва муваффақ шудан дар шароити рақобатнокӣ ба шумор меравад.

Мезёрҳои муваффақияти стратегия

Муфид будан. Мувофиқати стратегияро ба шароитҳои дар ташкилот мавҷудбуда, яъне мавқеи стратегия муайян мекунад.

Мувофиқ будан. Ба тавсифи натиҷаҳои (даромадҳо дар хатар) интизории стратегия ва мутаносибии онҳо ба интизории гурӯҳҳои ҳавасманд дохил мешавад.

Иҷрошавандагӣ. Ба имкониятҳои амалии татбиқи стратегия дохил мешавад. Баҳои иҷрошавандаи стратегия санҷиши муфассали тарафҳои амалии имкониятҳои стратегиро талаб мекунад.

пешина
аз 469
навбатӣ