Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 13. ТАҶРИБАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
3 Ба даст овардани бозор Кӯшиши васеъкунии ҳиссаи маҳсулоти худ дар бозорҳои маъмулӣ Бозорҳои мавҷуда аз маҳсулоти ташкилот пур нестанд.
Меъёри истеъмолии маҳсулоти ташкилот дар истеъмолкунандагони анъанавӣ нисбатан зиёд гардидааст.
Тавсеаи миқёси истеҳсолот бартариҳои асосии стратегиро таъмин мекунад.
4 Рушди бозор Воридкунии маҳсулоти худ ба бозор дар минтақаҳои ҷуғрофии нав Роҳҳои нави арзону боэътимоди фурӯш пайдо мешаванд.
Ташкилот дар бизнеси худ бомуваффақият аст.
Бозорҳои нави корнакарда ва ё пур нашуда мавҷуданд.
5 Рушди маҳсулот Кӯшиши зиёдкунии ҳаҷми фурӯш вобаста ба такмилдиҳии маҳсулоти худ Ташкилот бо соҳае, ки бо тағйирёбии босуръати технологияҳо тавсиф мешавад, рақобат дорад.
Рақибони асосӣ нисбат ба нархи муқоисавӣ маҳсулоти сифатан хуб пешниҳод менамоянд.
Ташкилот бо имкониятҳои тадқиқотӣ ва лоиҳавии худ фарқ мекунад.
6 Диверсификатсия Азхудкунии истеҳсоли маҳсулоти нави ғайрисоҳавӣ барои истеъмолкунандагони маъмулӣ Иловаи маҳсулоти нави ғайрисоҳавӣ ба таври қатъӣ фурӯши маҳсулоти маъмулиро беҳтар мегардонанд.
Ташкилот дар бизнеси қобилияти баланддоштаи рақобатӣ ва ё рушднаёфта рақобат мекунад.
Роҳҳои анъанавии фурӯш барои ҳаракати маҳсулоти нав дар бозор истифода мешаванд.
7 Ташкилотҳои муштарак Муттаҳидшавӣ бо дигар ширкат барои кор аз болои лоиҳаи махсус Ду ва ё зиёда ширкат дар бизнесҳои гуногун махсусгардонидашуда барои якдигарро пурра кардан муттаҳид мешаванд.
Талаботи ба бозор баровардани технологияи нав мавҷуд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор