Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

13.3. МОДЕЛҲОИ СТРАТЕГИЯҲО ДАР
КОРХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Стратегияҳои корпоративӣ

Новобаста ба гуногунии бизнес-вазъиятҳо ва бисёрии бизнес-стратегияҳои муайяни назарияи идоракунии стратегӣ дар амалияи менеҷменти стратегии ташкилотҳои Тоҷикистон танҳо миқдори маҳдуди вариантҳое, ки нисбатан самараноканд мутобиқ гардонида, бомуваффақият истифода карда шуданд.

Барои чунин стратегияҳо моҳиятан таъмини татбиқи танҳо як нишони стратегии бартаридошта хос аст. Чун қоида, чунин нишондод дар худи номи стратегияи маъмулӣ мавҷуд аст. Инчунин номгӯи бизнес-вазъиятҳои маъмул ва номгӯи комилан мувофиқи стратегияҳои самаранок мавҷуд аст. Дар ҷадвали 13.1 номгӯи стратегияҳои маъмул ва маҷмӯи бизнес-вазъиятҳои маъмул оварда шудаанд: барои бизнес-вазъиятҳое, ки чун қоида дар онҳо стратегияи мазкур, нисбатан самаранок аст.

Ҷадвали 13.1. Стратегияҳои маъмул.

№ Номгӯи

Нишони асосии
стратегӣ

Вазъияте, ки...

1 Ҳамгироии Комёбшавӣ ва ё
мустақим муқаррар намудани назорати пурра
аз болои шабакаи
дистрибюторӣ
(таксимотӣ)

Ба маънои ташаккули бартариҳои
стратегӣ дар муборизаи рақобатнокӣ
имконияти фурӯш маҳдуд мешавад.

Ташкилот дар соҳаи босуръат инкишофёфта рақобат карда, тавсеаи давомноки бозорҳои фурӯшро тахмин менамояд.

Устувории истеҳсолот, хусусан нарх.

2 Ҳамгироии Қӯшиши дарёфти
уфуқӣ рақибони махсус ва
ё назорати пурра

Ташкилот дар минтақа монополист
шуда метавонад.

Тавсеаи миқёси истеҳсолот
бартариҳои асосии стратегиро таъмин мекунад.

Аз сабаби надоштани таҷрибаи
идоракунӣ ва ё камбудии захираҳои
махсус рақибон ба хатогӣ роҳ
медиҳанд.

пешина
аз 469
навбатӣ