Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 13. ТАҶРИБАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Масъалаи ҷиддии ҳалталаби иқтисодиёти миллӣ сатҳи пасти сифати маҳсулоти истеҳсолшуда ба шумор меравад ва муҳим он аст, ки аксарияти ташкилотҳо хоҳиши беҳтар намудани онро бо истифода аз низоми нави менеҷменти сифат надоранд. Аз ҳар сад ташкилот танҳо панҷ ташкилот сертификатсия доир ба низоми менеҷменти сифатро гузаштаанд.
Низоми менеҷменти сифат вобаста бо стандартҳои ISO силсилаи 9000
Низоми менеҷменти сифат нисбатан оммавӣ ва дар ҷаҳон эътирофшуда буда, вобаста ба талаботи ISO силсилаи 9000 амалӣ мегардад. Тафсири аввалини ин стандартҳо дар соли 1987 қабул шуда, аз ибтидои ин давра стандартҳои ISO силсилаи 9000 дар низоми менеҷменти сифат татбиқшавандатарин дар ҷаҳон ба шумор мераванд.
Мафкураи менеҷменти сифат дар идоракунии доимӣ ва низомии ҳама равандҳои истеҳсоли маҳсулоти (хизматрасонӣ) ширкат ташаккул меёбад, ки мақсади асосии он қонеъгардонии талаботи мавҷуда ва интизории истеъмолкунандагон ҳангоми иштироки тамоми кормандони ширкат ва мавқеи сарварии роҳбарияти ширкат дар менеҷменти сифатӣ иборат аст.
Низоми менеҷменти экологӣ вобаста бо стандартҳои ISO силсилаи 14000
Ақидаи менеҷменти экологӣ ҷонибдории чорабиниҳо оид ба муҳофизати муҳити атроф ва пешгирии ифлосшавии муҳити зистро ҳангоми нигоҳдории баробарвазнӣ бо талаботи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа инъикос менамояд. Низоми менеҷменти экологӣ ба талаботе, ки ба муҳофизати муҳити зист доираи васеи тарафҳои мароқзоҳиркунанда дахл доранд, равона карда мешавад.
Дар соҳаи стандартикунонӣ норасоии мутахассисон ҳис мегардад: пас аз дохилшавӣ ба СУС ташкилот ва корхонаҳои Тоҷикистон вазифадоранд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат карда, ба таври нав маҳсулоти худро сертификатсия намоянд. Мисоли возеҳтарин соҳаи пахтакорӣ мебошад, ки стандарти байналмилалии таснифоти пахта татбиқ карда шуда, на он қадар самаранокии хуб нишон додааст.
Рушди ояндаи менеҷменти стратегии Тоҷикистон барои гузариш ба принсипҳои навоварӣ дар иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти мукаммалгардида, ки мутахассисони соҳибтаҷриба дар он фаъолият менамоянд, равона карда мешавад.
Ҳамин тавр, рушди ояндаи менеҷменти муосири Тоҷикистон дар шароити ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба СУС раванди бошиддати ҷараёни инкишофи маданияти корпоративии ташкилот, татбиқи менеҷменти стратегӣ ва банақшагирии стратегии фаъолияти дар муассисаҳои тиҷоратӣ, соҳаҳои ғайритиҷоратӣ ва секторҳои давлатӣ коркардашударо инъикос менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор