Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
нестанд, бинобар ин, барои ҳалли масъалаи мутахассисон онҳо бо шарикони нисбатан таҷрибадор ҳамкорӣ намуда, бо тавсияи онҳо фаъолият мекунанд.
Татбиқи бомуваффақияти усулҳои идоракунии стратегӣ дар Тоҷикистон вобаста ба шароитҳои зерин имконпазир аст:
маданияти баланди муносибатҳои бозорӣ ва маданияти дохилиширкатӣ;
иттилооти васеъ ва боэътимод дар бораи талаботи бозор, нархҳо, захираҳо, шарикон ва рақибон, инчунин хароҷот ва иқтидори худи ташкилот;
мавҷудияти мутахассисони донандаи воситаҳои идоракунии стратегӣ ва тафаккури стратегидошта.
Бинобар ин, барои истифодаи принсипҳои идоракунии стратегӣ дар ташкилот гузаронидани маҷмӯи пурраи корҳои тайёрӣ пешбинӣ карда мешавад. Самтҳои асосии ин корҳо чунинанд:
Таҳияи низоми таъминоти иттилоотии ташкилот;
Коркарди моделҳои нисбатан содаи таҳлили стратегӣ, имконияти муайянкунии сабабҳои ҳолати буҳронӣ, рушди дурнамои соҳа ва таҳияи мафҳумҳои воқеии стратегӣ;
Омодасозӣ ва аз нав омодасозии мутахассисон дар соҳаи идоракунии стратегӣ.
Ҳолати муосири рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ба менеҷменти стратегӣ талаботи нав пешниҳод менамояд ва яке аз низоми ҳалталаб сифати менеҷмент ба шумор меравад. Хусусан, ин масъала вобаста ба дохилшавии Тоҷикистон ба СУС пуршиддат мегардад, ки тайёр намудани мутахассисидоракунандаҳо — топ-менеҷерони шакли навро пешбинӣ мекунад.
Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) 1 январи соли 1995 бо мақсади барҳамдиҳии савдои байналмилалӣ ва ба танзим даровардани муносибатҳои савдо ва сиёсии давлатҳои аъзоёни он ташкил карда шудааст. СУС дар асоси Созишномаи марказӣ доир ба тарофаҳо ва савдо (ГАТТ), ки дар соли 1947 ба имзо расонида шуд ва дар тӯли тахминан 50 сол функцияҳои ташкилоти байналмилалиро иҷро карда, вале ба ин нигоҳ накарда аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ташкилоти байналмилалӣ ба шумор намеравад, ташаккул ёфтааст.
Ба СУС 159 давлат шомил шудаанд, аз он ҷумла: 155 давлатҳои аъзои байналмилалию тасдиқшудаи СММ. Аъзои охирини комилҳуқуқи СУС Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 2 марти соли 2013 ба он дохил шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор