Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 13. ТАҶРИБАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Маҳорати ба оянда назар кардан, ташаккули стратегияи рушд, муайян намудани бартариҳои рақобатнокӣ, барҳамдиҳӣ ва ё сабук кардани таҳдид ва таваккалҳои стратегӣ, яъне истифодаи технологияҳои менеҷменти стратегӣ шарти ҳаётан муҳими мавҷудият ва самаранокии фаъолияти ташкилотҳои ватанӣ дар иқтисодиёти бозоргонӣ мегардад. Стратегияҳои навоварӣ, ки дар асоси менеҷменти стратегӣ мавҷуданд, манбаи беҳтаркунии натиҷаҳои фаъолияти ширкат дар нақшаи дарозмуддат шуда метавонанд. Аз таърихи бизнес маълум аст, ки натиҷаҳои баландро одатан ширкатҳои эҷодкор, ташаббускор комёб мешаванд, на онҳое, ки танҳо ба тағйироти шароит таваҷҷуҳ доранд. Иҷрои серҳаракати стратегияи ғайримуқаррарӣ ширкатро дар соҳа, мамлакат ва ҷаҳон ба мавқеи пешбаранда расонда метавонад.

Барои рушди устувори ташкилот нигоҳи стратегӣ, яъне банақшагирии менеҷмент дар буриши амиқи вақт зарур аст. Бо вуҷуди ин, дар аксар ташкилотҳои бизнеси хурд ва миёнаи ватанӣ менеҷменти стратегӣ амалан вуҷуд надорад ва дар бизнеси калон барномаи рушди стратегӣ ба таври расмӣ дида мешавад.

Директорони собиқ ташкилотҳои давлатӣ ва роҳбарони ширкатҳои нав муҳиммияти ташаккули мақсадҳои дарозмуддат ва банақшагирии рушдро барои ояндаи дарозмуддат дарк карда истодаанд. Мураккабии кор дар он аст, ки аксар муассисаҳои Тоҷикистон ба қавли худ дар фазои холии иттилоотӣ ҷойгиранд. Аз як тараф, фаровонии иттилооти бетартиби беруна, аз тарафи дигар, мавҷуд набудани нишонаҳои ба низом даровардаи интихоби самти тараққиёт мушкилиҳоро ба миён овардаанд. Ба ғайр аз ин, воситаҳои коркард ва татбиқи стратегияи махсус аз низоми банақшагирии барвақттар қабулшуда ба куллӣ фарқ карда, доир ба онҳо маълумот нисбатан кам буда, дар амал онҳо усулҳои умумиқабулгардидаи кори нақшавӣ ба шумор намераванд. Қисми зиёди истеҳсолкунандагони ватанӣ танҳо акнун ба мафҳуми менеҷменти стратегӣ сарфаҳм рафта истодаанд.

Банақшагирии стратегӣ ва менеҷменти стратегӣ танҳо дар соҳаҳои бонкӣ ва хурди молиявӣ ва ширкатҳои мобилӣ нисбатан беҳтар ба роҳ монда шудаанд.

Рушди дурнамои менеҷменти стратегӣ

Имрӯзҳо ширкатҳои бузургтарине, ки дар онҳо низоми идоракунии корпоративӣ ба танзим дароварда шудааст, мустақилона мутахассисони касбиро тайёр мекунанд. Ташкилотҳои хурд ва миёна ба ин кор қодир

пешина
аз 469
навбатӣ