Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
• Истифода бурда натавонистани усулҳои таваккалҳои менеҷмент. Аксар менеҷерони Тоҷикистон аз уҳдаи дуруст истифода бурдани усул ва қабулкунии таваккалҳои менеҷмент, аз он ҷумла муайян намудани сифат ва миқдори хатарҳо, хавф, тарсидан аз навобариҳо намебароянд, ки ин барои ба ҳайси роҳбар мондани онҳо хатарнок мегардад.
13.2. ТАҶРИБА ВА ОЯНДАИ РУШДИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИИ ДАР ТОҶИКИСТОН
Таҷрибаи истифодаи менеҷменти стратегӣ дар Тоҷикистон
Иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 20 сол мешавад, ки дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозорӣ қарор дорад. Ба дигаргуниҳои муайян нигоҳ накарда, аксарияти ташкилот ва ширкатҳои ватанӣ то ҳол самти стратегии худро, ки таъмини бартарии рақобатии устуворро барои ояндаи дарозмуддат таъмин менамоянд, наёфтаанд. Мутассифона, на ҳама ташкилотҳо барои фаъолияти худ зарурат ва муҳиммияти муносибати стратегиро таъмин кардаанд. Таҷрибаҳои ватанӣ нишон медиҳанд, ки аксарияти субъектҳои бозор то ҳол амалиёт ва мавқеи худро дар дурнамои кӯтоҳмуддат нишонагирӣ мекунанд. Банақшагирӣ танҳо барои як сол ва банақшагирии фавриро басанда шуморида, роҳбарият бо ин машғул шуда, маҳорати истифодаи дурусти салоҳияти худро надорад. Бо корҳои ҳаррӯза машғул шуда, барои тарҳрезии оянда тамоман вақт намемонад. Муфлисшавии аксар ташкилотҳо бо он фаҳмонида мешавад, ки барои банақшагирии стратегӣ на зиёда аз 10% аз ҳаҷми умумии вазифаҳои сиёсати истеҳсолӣ ҷудо карда шудаасту халос.
Ҳолати муосири иқтисодиёти бозорӣ бо шиддатнокии ноустувори муҳити беруна тавсиф карда мешавад. Воқеаҳо бештар ғайриодӣ ва шинохтанашаванда мешаванд; суръати тағйирот баланд шуда, аз суръати фаъолияти ҷавобии ташкилот мегузаранд; пайдошавии такрории воқеаҳои тасодуфӣ ва пешгӯии онҳо зиёд мегардад.
Дар чунин шароит татбиқи идоракунӣ дар асоси таҷрибаи қаблӣ ва ё имтидоди он аз имкон берун мегардад; зарурат барои пешгӯӣ, тадқиқот ва эҷодкорӣ ба амал меояд. Ҳама ин истифодаи моделҳои махсуси қабул ва татбиқи қарорҳои стратегиро талаб мекунад.
Ҳудуди махсуси менеҷменти муосири ташкилот дар шароити иқтисодиёти бозорӣ дар идоракунӣ, банақшагирӣ ва менеҷменти стратегӣ гузаронида мешавад. Дар ҳолати ҳозира дар таҷрибаи хоҷагидории Тоҷикистон механизми идоракунии стратегӣ дар раванди гузариш аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор