Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 13. ТАҶРИБАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Масъалаи мувофиқат накардани манфиатҳои соҳибмулкон, менеҷерон, хизматчиён ва ҷомеа. Мувофиқат накардани ҳавасмандиҳо проблемаи одини иқтисоди бозоргонӣ гардидааст. Бо вуҷуди ин, дар Тоҷикистон ин номувофиқатӣ аксаран андозаҳои гипертрофиро гирифта, манфиатҳои соҳибмулкон, менеҷерон, хизматчиён аз як тараф, ва ҷомеа — аз тарафи дигар, метавонанд муқобил бошанд. Чунин ҷудошавии манфиатҳои аз ҳад зиёд дар байни соҳибмулкон, менеҷерон, хизматчиён, қарздиҳандагон барои рушди баробар ва устувор монеа мешаванд.
Мутахассисони касбӣ. Яке аз масъалаҳои ҷиддӣ дар роҳи вусъат до-дани низоми менеҷменти стратегӣ салоҳияти роҳбарияти ташкилот дар масъалаҳои идоракунии стратегӣ мебошад. Ин бо он алоқаманд аст, ки дар Тоҷикистон нокифоягии менеҷерони дорандаи таҷрибаи амалии идоракунии стратегӣ дар шароити иқтисодиёти бозорӣ, норасоии ҷиддии топ-менеҷерони дараҷаи тахассуси олии қобилияти самараноки идоракунии ширкати хусусидошта мушоҳида мегардад. Ҳоло ин танҳо дар як қатор соҳаҳо ба назар мерасад, ки ҷузъҳои идоракунии корпоративӣ татбиқ карда мешаванд. Ин афзалиятҳо на ба сатҳи менеҷмент, балки ба бартариҳои рақобатноки ин соҳаҳо вобастаанд, зеро ки қисми зиёди менеҷерон дар даврони шӯравӣ таълим гирифтаанд.
Шарти дигари пешакии муҳимтарини рушди менеҷменти стратегӣ раванди ҷаҳонишавии тиҷорат мебошад, ки ба давлати мо низ расидааст.
Ҷаҳонишавӣ ва дохилшавии Тоҷикистон ба СУС. Хусусан, масъалаи рушди менеҷменти стратегӣ дар Тоҷикистонро қайд кардан зарур аст, ки бо механизми ҷаҳонишавӣ ва дохилшавӣ ба СУС алоқаманд мебошад.
Ба омилҳои субъективии ба рушди менеҷменти стратегӣ дар Тоҷикистон монеъшаванда инҳоро дохил кардан мумкин аст:
• Қобилият надоштан оид ба қабули қарори стратегӣ. Таҳлили таҷрибаи хоҷагидории ташкилотҳои маҳаллӣ нишон медиҳад, ки роҳбарон ва менеҷерон сари вақт қабули қарори дурустро надо-шта, ин ба оқибатҳои ногувор: аз даст додани даромад, мизоҷҳо, муфлисшавӣ ва ҳатто нобудшавии одамон (кормандон ва ё шахсони бегона) оварда мерасонад;
• Бемаҳорати менеҷерон дар салоҳияти ваколатдор. Дар Тоҷикистон вобаста ба менталитети роҳбар аксаран банд кардани худро бо корҳо ва вазифаҳое афзалтар мешуморанд, ки онҳоро пурра ба дӯши зердастон вогузор кардан мумкин аст;
• Ба маданияти корпоративӣ аҳамияти лозима надодан. Танҳо дар охири соли 2000-ум дар сатҳи давлатӣ барои таҳияи Кодекси ма-данияти корпоративӣ соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони Русия қарор қабул карда шуд;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор