Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Масъалаҳои ҳалталаби менеҷменти стратегӣ
Вазифаҳои стратегии идоракунии ташкилот бо аксар меъёрҳои бемувофиқаи мутақобила ва на ҳама вақт ба расмиятдаровардашуда бисёрмеъёра ва бисёрнақшавӣ мебошанд. Мустақиман маънии молиявии меъёр мутақобила буда метавонад, масалан, мақсади паст намудани хароҷот ба мақсади зиёдкунии пардохти меҳнат мутақобил аст. Лозим мешавад, ки қарорҳои стратегӣ дар шароити тағйироти фаврии ҳолат, ки на ҳама вақт пурра пешгӯишавандаанд, қабул карда шаванд. Масъалаҳои асосии стратегии ҳалталаби ташкилотҳои ватаниро дида мебароем. Ташаккули бозори ватанӣ ба ивазшавии босуръати таносубҳои нарх, ки имкониятҳои тағйироти мушаххасоти технологиро пешдастӣ мекарданд, оварда мерасонд. Иқтисодиёти гузариш асосан аз иқтисодиёти тавсияшаванда ва бозоргонӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар натиҷа, ташкилотҳои мо дар шароити мусоид қарор мегиранд ва барои онҳо усулҳои бо мурури замон коркардашудаи иқтисодиёти ғарбӣ мувофиқат намекунанд. Ин барои ташкилотҳои ватанӣ рақобатро таъмин карда натавонист ва дар натиҷа ба таназзули сохтор анҷом ёфт.
Идоракунии стратегӣ новобаста аз сатҳи рушди иқтисодиёти бозоргонӣ барои истифодабарӣ як қатор норасоиҳои махсус ва маҳдудиятҳои объективӣ дорад:
• вобаста ба моҳияти худ идоракунии стратегӣ инъикоси саҳеҳ ва ботафсили ояндаро нишон дода наметавонад;
• он ба маҷмӯи тартиб ва тарҳҳои стандарт якҷо карда намешавад, ки усулҳои ҳалмаънои ҳалли масъалаҳои рушдро дар шароити муайян дастур медиҳанд;
• ташкили кор доир ба идоракунии стандартӣ кӯшишҳои зиёд, сарфи бештари вақт ва захираҳоро талаб мекунад;
• ташкил намудани маданияти устувори ташкилӣ, низоми асоснок ва ташкили меҳнат, ҷандирии муайян дар назар дошта мешавад.
Дар Тоҷикистон ба сифати омилҳои асосии боздорандаи рушди менеҷменти стратегӣ масъалаҳои зерини ҳалталабро бояд ҷудо намуд:
Қобилияти пасти рақобатнокӣ. Барои нигоҳдории қобилияти рақобатии ташкилот доимо азхудкунии қоидаҳои технологияи нав (электронӣ, ахборотӣ) зарур аст. Тоҷикистон аз инқилоби компютерӣ ва иттилоотӣ гузашта, аксаран дар доираи муқаррароти саноатӣ мондааст, аммо дар як қатор бахшҳои иқтисодиёти миллӣ, масалан, аграрӣ, равандҳои ғайрисаноатӣ пуршиддат гаштаанд. Ҳамин тавр, сатҳи механиконии ҷамъоварии пахта, ки дар охири солҳои 80-ум қариб 25%-ро ташкил мекард, амалан ба сифр омада расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор