Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 13. ТАҶРИБАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Зарурати ташаккули низоми менеҷменти стратегӣ дар таҷрибаи ватанӣ, инчунин ба раванди рӯйдодҳои ҳамгироӣ вобастагӣ доранд. Дар бизнес ширкатҳои тиҷоратӣ ба корхонаҳои саноатӣ соҳиб шуда, бо иштирок дар хусусигардонӣ, мусобиқаҳои маблағгузорӣ, хариди фаъоли саҳмияҳои муассисаҳои ҷолибро амалӣ мекунанд.
Асоси мафкураи менеҷменти стратегӣ ин дарки зарурати таҳлили бефосилаи муҳити берунаи ширкат бо назардошти қабули қарорҳои стратегӣ мебошад. Ширкатҳо бояд низоми идоракуниро ташкил ва татбиқ намоянд, ки қабули қарорҳои нисбатан чандир ва фаврӣ ба тағйироти вазъи бозор, афзалиятҳои истеъмолкунандагон ва амалҳои рақибон имконият диҳад.
Консепсияи менеҷменти стратегии ширкати муайян асоси нишонгириро барои оянда, ки баҳои сифатии бозор ва шароит, инчунин маҳорати пешгӯии рушди бозорро барои инкишоф пешбинӣ мекунад, инъикос менамояд.
Дар ибтидои тараққиёти худ идоракунии стратегӣ асосан дар корпорасияҳои пуриқтидор истифода мешуд, ки барои тағйирдиҳии низоми идоракунӣ (аз ин ҷо мафҳуми «идоракунии корпоративӣ» баромадааст) имконияти сарфи маблағҳои кофӣ доштанд. Дар Тоҷикистон диққати аввалиндараҷа ба идоракунии корпоративӣ ба туфайли фаъонокии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ба амал омад.
Бинобар ин, нокифоягии тараққиёти низоми идоракунии корпоративиро дар таҷрибаи соҳибкории ватанӣ бояд донист. Сатҳи пасти рушди идоракунии корпоративӣ дар бизнеси ватанӣ бо мавҷуд набудани бозори иловагии фондӣ, тақсимоти воқеии функцияҳои тасарруф ва идоракунӣ дар ҷамъиятҳои саҳомӣ фаҳмида мешавад. Ҳамин тавр, бе ҳалли масъалаҳои институтсионалӣ рушди идоракунии корпоративӣ ба мисли тамоми низоми менеҷменти муосир ба нобарорӣ мерасад.
Имрӯзҳо усулҳои идоракунии стратегӣ аз тарафи ташкилотҳои соҳа ва андозаҳои гуногундоштаи тиҷоратӣ, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва идоракунии давлатӣ истифода мешаванд. Технологияҳо ва воситаҳои идоракунии стратегӣ ҳамчун механизми самараноки комёбшавӣ ба нақшаҳои дарозмуддати ташкилот новобаста аз шакли моликият ва шаклҳои хоҷагидорӣ фаъолона истифода бурда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор