Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
ва меҳмонхона ба таври қироя кор мекунанд, зиёд гардидааст. Ин шарти пешакии воқеии ташаккули менеҷменти стратегии ватаниро ташкил намуд.
Дар таҷрибаи хоҷагидории Тоҷикистон раванди менеҷменти стратегӣ дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад. Усулҳои идоракунии стратегӣ, ба ғайр аз барномавию мақсаднок, амалан дар иқтисодиёти марказонидашудаи банақшагирӣ истифода намешаванд, бинобар ин мафҳуми «идоракунии стратегӣ» ва усулҳои он барои иқтисодиёти миллӣ нисбатан нав мебошанд.
Таҳлилгарони ватанӣ ва байналмилалӣ чунин мешуморанд, ки бозори тоҷик ба марҳилаи нав ворид гардид ва мавҷуд набудани стратегияи коркардшуда барои татбиқи самараноки иқтидори ташкилоту муассисаҳо халал ворид менамояд.
Дар татбиқи вазифаҳои мақсаднок истифодаи мақсадноки усулҳои менеҷменти стратегӣ дар таҷрибаҳои ватанӣ бо мавқеъ ва аҳамиятноканд. Пас барои ташкилот мавқеи менеҷменти стратегӣ дар шароити иқтисодиёти бозорӣ чӣ гуна аст?
Ташкилот дар иқтисодиёти гурӯҳӣ ҳангоми коркарди нақшаҳои худ дар бораи номгӯи маҳсулоти истеҳсолшуда, таҳвилгарон ва истеъмолкунандагон, нархи маҳсулоти худ, дигар нишондиҳанда ва меъёрҳои гуногун, ки беихтиёр ба асоси коркарди нақшаҳо ворид карда мешуд, аз боло маълумот мегирифт. Худи фаъолияти нақшавӣ асоси ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки иҷрои супоришҳо дар шароити кофии пешгӯишавандаи муҳити беруна мебошад. Дар давраи гузариши иқтисодӣ низ чунин вазифа меистад, вале дар шароити бозор ин танҳо қисми фаъолияти нақшавӣ аст.
Дар шароити бозоргонӣ ташкилот бояд худаш мушаххасоти муҳити беруна, номгӯи маҷмӯи маҳсулот ва хизматрасонӣ, нархҳо, таҳвилгарон, бозори фурӯш ва асосан мақсадҳои дарозмуддати худ ва стратегияи комёбшавии онро муайян ва пешгӯӣ намояд. Ин қисмати фаъолияти нақшавӣ ба коркарди нақшаи стратегӣ дохил мешавад. Қарори фаврии стратегие, ки аввал ба аксар ширкатҳо муваффақият меовард, акнун ба кор намераванд ва бисёр ширкатҳои нав барҳам хӯрданд ва ё ба сатҳи муайян ноил гашта, аз инкишофёбӣ бозмонданд.
Ҳоло сарварони ширкатҳои нав ва собиқ директорони ташкилотҳои давлатӣ мафҳуми зарурати коркарди стратегияи рушди ширкатро дарк менамоянд ва аз ин нуқтаи назар муносибати худро ба роҳ мемонанд. Ба раванди ин кор баробаркунии ташкилот ҳамчун низоми яхлухти мустақим, ташаккули мақсадҳои нав ва ҳавасмандии нови ширкат ва кормандони он мусоидат мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор