Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 13. ТАҶРИБАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
13.1. ТАШАККУЛИ НИЗОМИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
ДАР ТОҶИКИСТОН
Ташаккули менеҷменти стратегӣ дар Тоҷикистон
Менеҷменти тоҷикӣ ин дарки моҳиронаи таҷрибаҳои хориҷӣ бо назардошти хислатҳои хоси миллӣ, яъне ҷамъбасткунии таҷрибаҳои ҷаҳонии идоракунии самаранок ва таҷрибаҳои мавҷудаи ватанӣ дар асоси хусусиятҳои миллию таърихии маданияти мо мебошад.
Дар вобастагӣ аз давлатҳои хориҷӣ менеҷменти Тоҷикистон давраи кӯтоҳи ташаккул ва рушд, ҳамагӣ 20 соли таҷрибаи идоракуниро дар шароити иқтисоди бозорӣ дорад. Менеҷмент дар асоси коркардҳои самаранок ва ҷамъбасткунии таҷрибаҳои хориҷӣ бо назардошти хусусияти анъана ва сохтори иқтисодиёти миллӣ амалӣ мегардад. Дар давраи истиқлолияти давлатӣ ислоҳоти иқтисодиёт, муваффақият ва нокомии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба коркарди стратегияи азнавсозии ҷиддии ҷомеа дар шароитҳои номуайян алоқаманд мебошанд.
Таърихи заминаи ташаккули менеҷменти стратегӣ дар Тоҷикистон
Таърихи рушди менеҷментро дар Тоҷикистон ба се давра ҷудо кардан мумкин аст.
Давраи якум ва ё давраи бармаҳали рушд (мобайни ва охири солҳои 80-ум) бо ташкилшавии ҳаракати кооперативӣ ва пайдошавии менеҷерсоҳибкорон, новобаста аз интихоби саноат ва ё соҳаи фаъолият тавсиф карда мешавад, ки мақсади сарватмандшавии шахсиро доранд.
Давраи дуюми рушд (тахминан аз солҳои 1992 то 2002) ба парокандашавии давлати шӯравӣ, барҳам хӯрдани алоқаҳои истеҳсолию хоҷагидорӣ ва зарурати ҷустуҷӯи сарчашмаҳои дигари дастраснамоии таҷҳизот ва маҷмӯикунонӣ, инчунин бозорҳои фурӯш ва ташкили шаклҳои нави идоракунӣ алоқаманд аст. Дар ин давра тақсимоти нисбатан аниқи менеҷерон ба се навъ - хоҷагидорон, соҳибкорон ва ҳайати кироя ба амал омад.
Давраи сеюми рушд тахминан дар соли 2002 оғоз ёфта, бо суръати нисбатан баланди пайдошавии гурӯҳи менеҷер ва маркетологҳои касбӣ дар соҳаҳои дуюмбора ташкилшуда ва бозорҳои нав, масалан алоқаи мобилӣ, истеъмолкунандагони маҳсулоти дорусозӣ, асбобҳои рӯзгор ва техникаи электронӣ тавсиф карда мешавад.
Дар охири давраи дуюм ва ибтидои давраи сеюми рушди менеҷмент дар
Тоҷикистон таҷдиди маҳаллии манбаи технологии он, ҳиссаи менеҷерони
касбие, ки дар аксар соҳаҳои саноату истеҳсолот ва хизматрасонӣ, ба
хусус дар сектори бонкӣ ва молиявии хурд, алоқаи мобилӣ, соҳаи туризм

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор