Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 13. ТАҶРИБАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
ДАР ТОҶИКИСТОН
Рақобат дар бозор ба ҷанг шабоҳат дорад. Захмдорон ва талафот мешаванд ва танҳо стратегияи беҳтарин ғалаба карда метавонад.
Ҷон Коллинз
Кооперация ва ташкилнамӯй чун таҷриба ва ҳодисаҳои мушоҳидавӣ ҷамъбасткунии махсуси омилҳои муқобил, инчунин ақида ва ҳиссиётҳои муқобили одамонро ифода мекунанд. Вазифаи роҳбар аз мусоидати ҷамъбасткунии омилҳои мутақобил дар фаъолияти мушаххас, аз созишномоии қувваҳои низоъкунанда, завқ, ҳавасмандӣ, мавқеъ ва мақсади олӣ иборат аст.
Ташкилоти расмӣ ин чунин навъи кооперацияе мебошад, ки кӯшишҳои одамон, ки тавсифи бошуурона, пешакӣ ва мақсаднокро доранд, дар бар мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор