Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Форест дарҳол ташкилоти калонро ташкил намуд, ки он самти даромаднокро дар заминаи истеҳсоли шириниҳо ва хӯроки ҳайвоноти хонагӣ дар бар гирифт. Ба Форест муяссар гардид, ки назоратро аз рӯи тиҷорати оилавӣ ба дасти худ гирад ва дар соли 1964 филиалҳои ба таназзул гирифторшудаи хориҷиро ба фаъолияти худ пайваст намуда, як ширкати мукаммал ва ягонаро бо номи «Марс» ташкил намояд. Дар соли 1973 фарзандони вай Форести хурдӣ ва Ҷон ба мақоми роҳбарии ширкат дохил шуданд.
Яке аз махсусиятҳои нодири ширкати «Марс» ин бисёрдараҷагии баланди ташкилӣ бо нишонаҳои ҳокимият ва эътибор мебошад. Сохтори структуравии ширкат барои пешравии кор ва ба роҳ мондани фаъолияти самаранок имконият медиҳад.
Роҳбарияти ширкат пайваста кормандони худро ҳавасманд мегардонад, беҳтарин менеҷерҳоро интихоб мекунад ва барои нигоҳ доштани онҳо тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ месозад. Аз ҷониби дигар, шумораи аъзоёни зиёд доштани хонавода монеаи муайян мешаванд, зеро барои менеҷерҳои дигар имконияти ба қуллаҳои баланди идоракунӣ расидан ва пешравӣ муяссар намегардад.
Маблағҳои пулие, ки аз дафтарҳои корӣ сарфа шудаанд, барои харидории таҷҳизоти беҳтарин ва ороиши рекламаҳои ширкат сарф карда мешаванд. Тамоми фабрикаҳои ширкат технологияҳои муосирро истифода намуда, маҳсулоти босифат ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори рақобатро истеҳсол менамоянд.
Имрӯз ширкати «Марс» се бизнеси калон ва як бизнеси нисбатан хурдро амалӣ намуда истодааст. Чуноне ки қайд гардид, зери номи «Марс» асосан маҳсулоти шириниҳо фаҳмида мешавад. «Твикс» ва «Три мушкетёра» ин шуҳратмандии ширкатро эътироф менамоянд.
Ширкат дар истеҳсоли хӯрока барои ҳайвоноти хонагӣ низ мавқеи муайян дорад. Навъҳои пешсаф ва серхаридор «Кэл Кэк», «Педигри», «Вискас» ба ҳисоб мераванд. Дар илова бар ин, «Марс» дар мавриди хӯрокаи борҷомашуда бо тамғаи «Анкл Бэнс» тиҷорати сердаромадро ба роҳ мондааст. Ниҳоят, «Марс» ба тиҷорати хурд дар соҳаи таҷҳизоти электронӣ низ машғул аст. Маҳсулоти асосии он намудҳои гуногуни дастгоҳҳои автоматӣ барои мубодилаи тангаҳо мебошанд.
Пас аз инкишофи зуд ва пешсафӣ дар бозор дар солҳои 70-ум, вақтҳои охир мавқеи ширкат нисбатан рӯ ба пастравӣ ниҳод. Як қатор сабабҳо барои рушди он ва тақвияти рақобатпазирии ширкат монеа эҷод намуданд.
Як қатор ширкатҳои гуногуни байналхалқӣ на танҳо ба «тиҷорати ширин», балки ба истеҳсоли хӯрокаи ҳайвоноти хонагӣ ва хӯроки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор