Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Баҳогузории самаранокии татбиқи стратегия аз рӯи самтҳои зерин гузаронида мешавад: самаранокии татбиқи барномаҳои алоҳидаи стратегӣ; дараҷаи амалисозии ҳадафҳои гузошташудаи стратегӣ; дараҷаи мувофиқати ҳадафҳои гузошташудаи стратегӣ ба манфиатҳои стейкхолдерҳо.

12.5. САВОЛҲОИ САНҶИШӢ

  1. Ҳангоми раванди татбиқи стратегия кадом вазифаҳо асосиянд?
  2. Тафовути байни муносибати ҳолатии раванди татбиқи стратегия аз анъанавӣ ва фарқи асосии раванди татбиқи стратегия аз раванди иҷрои нақшаи дарозмуҳлат дар чист?
  3. Қоидаи «Панҷ У» вобаста ба татбиқи стратегия чиро мефаҳмонад?
  4. Татбиқи стратегия кадом марҳилаҳои асосиро дар назар дорад ва муҳтавои онҳо дар чист?
  5. Дастурҳои стратегӣ чӣ маъно доранд ва чӣ тавр бо қарорҳои стратегӣ ҳамбастагӣ доранд?
  6. Ба самтҳои асосии тағйироти стратегӣ чӣ дохил мешавад ва сабабҳои асосии муқовимати тағйирот аз чӣ иборат аст?
  7. Тағйироти асосии стратегӣ чӣ маъно доранд ва хусусиятҳои асосии он чӣ тавр зоҳир мегарданд?
  8. Функцияҳои асосии назорати стратегиро номбар кунед.
  9. Тавсифи назорати стратегӣ ва тақтикӣ дар чӣ зоҳир мегардад?
  10. Ҷиҳатҳои стратегиянокӣ ва самаранокии татбиқи стратегияро номбар кунед.

12.6. КЕЙС-ВАЗЪИЯТ

ИНТИХОБИ СТРАТЕГИЯИ ШИРКАТИ «МАРС»

Ширкати «Марс» бо истеҳсоли шириниҳои маъруф ва хушмаза, ба мисли «Милки Уэй», «Сникерс» ва ғайра машҳур гардидааст. Ширкати мазкур дар дигар бозорҳо бо истеҳсоли хӯроквориҳо ва хӯроки ҳайвоноти хонагӣ рақобат менамояд.

Ширкат бо арзиши 12 миллиард доллари ИМА моликияти оилавӣ буда, яке аз намояндагони бузурги оилаҳои шахсии олами тиҷорат ба шумор меравад. Дар соли 1932 Франк Марс ба фарзанди худ Форест иброз дошт, ки тиҷорати онҳо дар Чикаго барои ду нафар нокифоя аст ва фарзандашро ба Британияи Кабир барои кушодани ширкати «Милки Уэй» равон намуд.

пешина
аз 469
навбатӣ