Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 12. ТАТБИҚ ВА НАЗОРАТИ СТРАТЕГИЯ

Агар аҳамияти нишондиҳандаи интегралӣ дар ҳудуди аз 1 то 2,3 бошад, он гоҳ стратегияи рушди минтақа дар сатҳи пасти самарабахшӣ аз 2,4 то 3,7 - сатҳи миёнаи самарабахшӣ, аз 3,8 то 5 - сатҳи баланди самарабахшӣ қарор дорад.

12.4. ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР

  1. Раванди татбиқи стратегия аз раванди анъанавии иҷрои нақшаи дарозмуддат ба таври куллӣ фарқ мекунад. Барои татбиқи ҳар як стратегия бояд се шарти асосӣ риоя гардад: мавҷудияти стратегия дар шакли системаҳо ва таъйиноти аниқи стратегӣ; ба самъи тамоми кормандон расондани таъйиноти ҷории стратегӣ; истифодаи ҳавасмандгардонии кофии тамоми кормандон барои амалӣ намудани стратегияи мазкур.

  2. Татбиқи стратегия иҷрои се марҳилаи асосиро дар назар дорад: саршавии стратегия, тағйироти асосии стратегия ва хотимаи стратегия. Формулаи татбиқи стратегия ба «Қоидаи панҷ У»: Муваффақияти стратегия = Муносиб + Боварӣ + Истодагӣ + Барор такя мекунад.

  3. Тағйироти стратегӣ, яъне тағйироти комилан мувофиқи муҳити рақобатноки беруна ин зарурати воқеӣ ва муҳтавои муҳими асосноки стратегияи дилхоҳ мебошад. Тағйироти стратегӣ мақсади ягона набуда, танҳо ташкилотро аз як вазъи стратегӣ ба дигараш мегузаронад. Соҳаҳои асосии тағйироти стратегӣ инҳо мебошанд: маълумотдиҳӣ ва ҳавасмандгардонии кормандон; пешсафӣ ва тарзи менеҷмент; арзишҳои заминавӣ ва фарҳанги корпоративӣ; сохтори ташкилӣ ва дигар сохторҳо; молиякунонӣ ва дигар таъминоти захиравӣ; салоҳият ва малака.

  4. Баҳогузорӣ ва назорати иҷрои стратегия раванди хотимавии мантиқӣ маҳсуб гардида, бо идоракунии стратегия амалӣ карда меша-вад. Раванди мазкур нигаҳ доштани тавозун байни алоқаи мутақобилаи устуворро байни ҷараёни ба ҳадафрасӣ ва ҳадафҳои дар назди ташки-лот истодаро таъмин менамояд. Назорати стратегӣ асосан барои сатҳи корпоративӣ мансуб буда, таваҷҷуҳи асосӣ ба нигоҳ доштани тавозун байни навъҳои гуногуни бизнес нигаронида шудааст.

  5. Раванди назорати стратегӣ дар худ маҷмӯи корҳои ба ҳам алоқа-мандро дар бар мегирад, ки дар чунин пайдарпайӣ амалӣ карда мешавад: муайян намудани нишондиҳандаҳо ба баҳогузорӣ; коркарди стандартҳо; баҳогузории натиҷаҳои фаъолият; муқоисаи натиҷаҳои воқеии фаъоли-ят бо стандартҳои муқарраргардида ва коркарди таъсири тасҳеҳшуда. Тасҳеҳ аз рӯи натиҷаҳои назорати стратегӣ метавонад ҳам ба стратегияи татбиқшаванда ва ҳам ба ҳадафи ширкатҳо тааллуқ дошта бошад.

пешина
аз 469
навбатӣ