Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

стратегиро дар бар мегирад, ки барои дар ташкилот амалӣ намудани менеҷменти стратегии самаранок нигаронида шудааст.

Барои иҷрошавии амалии рефлексияи стратегӣ навъҳои гуногуни корҳо, ба милли ҳисоботи инфиродӣ ва гурӯҳӣ, семинарҳои мавзӯӣ ва ғайраҳо истифода карда мешавад.

Аз рӯи малакаи амалии фаъолият дар самти менеҷменти стратегӣ ва пеш аз ҳама, дар соҳаи коркард ва татбиқи стратегияи корпоративӣ худи стратегия бояд сифатан ва мазмунан дар ҷиҳатҳои зерин тақвият ёбад:
методикаи сохтмони пайвандии қисмҳои стратегия, яъне коркарди баландсифат дар қисматҳои гуногуни ташкилот, «ҷамъоварии» самараноки ин қисмҳои стратегияи босифати умумӣ мебошад;
беназирии стратегия чун усули ташкили бартариҳои рақобатноки танҳо ба ҳамин ташкилот тааллуқдошта;
усули коркарди тавсияҳои асоснок оид ба тақвияти ҳам бартариҳои хусусии рақобатнок ва ҳам афзалияти интегралии рақобатнок дар умум мувофиқи воситаҳои истеҳсолӣ ва бизнесҳо;
усули умумии фаъолияти касбии системавӣ оид ба коркард, тасдиқ, оғоз, назорати татбиқ ва ислоҳи стратегияи умумӣ.

Барои муайян намудани баҳои интегралии натиҷабахши татбиқи стратегия бояд баҳоҳои хусусӣ ба ченкунаки умумӣ роҳандозӣ шаванд. Ба сифати ченкунаки мазкур усули системаи баҳогузории баллии аз 1 то 5 пешниҳод мешавад. Муайян намудани холҳо оид ба параметрҳои муайян бояд бо роҳи таҳлилӣ дар асоси нишондиҳандаҳои дар диссертатсия пешниҳодшуда амалӣ карда шаванд.

Расми 12.8. Баҳогузории самараноки татбиқи стратегияи рушди минтақа.

пешина
аз 469
навбатӣ