Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 12. ТАТБИҚ ВА НАЗОРАТИ СТРАТЕГИЯ

варианти заминавии стратегияи умумӣ; раванди идоракунии таъминкунандаи татбиқи стратегия; раванди назорати стратегӣ, раванди алоқаи мутақобила ва ислоҳи стратегияи умумӣ;

  • дувум, аз рӯи самаранокии фаъолияти таҳиягарони иттилоот ҳам дар самтҳои алоҳидаи зерсохторҳо ва ҳам шахсан ҳар як мутахассис.
    Меъёрҳои стратегӣ ва самаранокӣ метавонанд дар шакли ҳафт саволи асосӣ тарҳрезӣ шаванд:
  1. Воқеан ҳам стратегия қабул гардидааст?
    Аз рӯи ин меъёр ҳуҷҷати «стратегияи корпоративӣ» бояд инҳоро дар бар гирад:
    • дуруст муайян намудани вазифаи ташкилот, нишон додани мақсадҳои он ва дурнамои ҳадафноки стратегӣ, ҳамчунин баёни мухтасари мақсадҳои асоснок ва барқарор намудани дурнамо;
    • номгӯи чорабиниҳои асосӣ, ки аз онҳо стратегияи корпоративии ташкилот чун барномаи дарозмуҳлати амалиёти мушаххас иборат аст;
    • баҳогузории амиқи ҳамаи вариантҳои имконпазири алтернативии рушди корхона.
    Стратегияи мазкур имкониятҳои пешниҳоднамудаи бозорро чӣ тавр истифода менамояд?
    Ба имкониятҳои нав аз ду ҷиҳат баҳо дода мешавад:
  • Аз рӯи низоми дурнамо ташкилот чӣ кор кардан мехоҳад?
  • Дар ин давраи стратегӣ ташкилот воқеан чӣ кор карда метавонад?
  1. Оё стратегияи ташкилот бо имкониятҳои захиравии ҳақиқӣ мувофиқат мекунанд?
  2. Оё стратегия барои кормандони ташкилот ҳавасмандии кофӣ пешбинӣ намудааст?
  3. Оё стратегияи интихобшуда воқеан ҳам нодир аст?
    Стратегия бояд ба таври равшан нишон диҳад, ки ташкилоти мазкур мушаххасан аз рақибҳои асосии худ бо чӣ фарқ мекунад.
  4. Дараҷаи хавф аз рӯи стратегияи интихобшудаи мазкур оё ҷоиз аст?
  5. Оё дар марҳилаи мазкури татбиқи стратегия самаранокии онро баҳо дода мешавад?

Саволи охирин дар марҳилаи татбиқи стратегия муҳим арзёбӣ мегардад. Посухи он бояд баҳогузории аниқи самаранокии фаъолияти ташкилот аз рӯи нишондиҳандаҳои даромад, фоида, суръати афзоиши фурӯш, мавқеи ишғолнамуда дар бозорҳои мушаххас ва ҳамчунин баҳогузории «дурустии» бизнеси ташкилот дар умум бошад.
Фаъолияти касбии эҷодӣ оид ба дарки меъёрҳои дар боло зикршуда, ҳамчунин метод ва усулҳои ёфтани қарорҳои асосноки мувофиқ рефлексияи

пешина
аз 469
навбатӣ