Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Бояд гуфт, ки тафовути самаранокии тактикии ташкилот, ки манфиатнокии фаъолияти ҷории он, яъне натиҷабахшии захираҳои бақорандохтаи ташкилот (мисол фоиданокӣ аз даромади давраи гузашта)-ро нишон медиҳад. Самаранокии стратегӣ бо ченаки босифат вобаста аст: аз даст додан ва ё ба даст овардани мавқеи муайяни бозор, гум кардан ва ё ба даст овардани бартариҳои мушаххаси устувор ва ғайраҳо, ҳамчунин парвози баланд ва ё ин ки баръакс, инқирози ташкилотро инъикос менамояд.
Вобаста ба ин масъалаи таҳияи стратегияи дуруст ва таъмини самаранокии менеҷменти стратегӣ актуалии маҳсуб мегардад. Дар ҳалли масъалаи мазкур рефлексия — принсипи тафаккури инсонии ба андеша ва фаҳмиши шаклҳо ва заминагузориҳои шахсӣ равонакунанда нақши калон мебозад.
Рефлексияи илмӣ ин танқид ва таҳлили аҳамияти назариявидоштаест, ки дар асоси истифода ва ташреҳи усулҳо дар соҳаи мазкури тадқиқоти илмӣ оварда мешаванд. Бинобар ин, рефлексия чун манбаи донишҳои нав дар бораи фанни худ баромад мекунад.
Мақсади рефлексия чун унсури идоракунии стратегӣ ин донишҳои нав дар бораи он ки чӣ тавр стратегияи дурусти корпоративиро коркард намудан ва менеҷменти стратегияро дар умум чӣ тавр самаранок кардан мебошад. Дар ин замина вазифаҳои асосии рефлексияи стратегӣ аз инҳо иборат аст:
- хотимаи мантиқии стратегияи корпоративии мазкур;
- пешниҳодҳои асоснок оид ба такмили система ва механизмҳои мушаххаси коркарди стратегияи корпоративии оянда;
- пешниҳодҳои асоснок оид ба назорат ва ислоҳи стратегияҳои хусусии функционалӣ, рушди фаъолияти касбии ба коркард ва татбиқи стратегияи корпоративӣ алоқаманд.
Рефлексияи якуми стратегияи коркардшударо пас аз таҳрири якуми стратегия гузаронидан тавсия дода мешавад. Аслан, ин қабил рефлексияи стратегӣ бояд дар худ таҳлил ва баҳогузории системавиро аз рӯи се мавқеи зерин дар бар гирад:
-
Баҳогузории натиҷаи гирифташуда аз рӯи меъёрҳои стратегӣ;
-
Баҳогузории таъмини технологияҳои коркарди стратегия ба иттилоот, яъне баҳогузории шабакаи воридшавии иттилооти лозима ба ташкилот, ки пас аз коркарди дохилии он стратегияи корпоративӣ ташаккул меёбад. Баҳогузории мазкур ба сифатнокӣ, пуррагӣ ва саривақтии воридшавии иттилоот дахл дорад;
-
Баҳогузории худи технологияи коркарди иттилооти воридотӣ ва хусусияти дохили ташкилот мебошад. Баҳогузорӣ аз рӯи ин мавқеъ бояд дар ду самти асосӣ гузаронида шавад:
- якум, аз рӯи нуқтаи назари самаранокии тамоми системаҳо ва ҳар кадом аз равандҳои асосии давраи фаъолияти стратегӣ; раванди коркарди

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо