Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 12. ТАТБИҚ ВА НАЗОРАТИ СТРАТЕГИЯ

Меъёри 1. Арзиши иловашуда - меъёри иттилооти баланди баҳогузории бизнес аст, зеро аз нишондиҳандаҳои андозбандӣ ва шартӣ будани ҳисобот орӣ мебошад.

Ҳадаф: муайян намудани самаранокии истифодаи сармоя ва системаи идоракунии фаъолияти амалиётии корхона аз нуқтаи назари ташкил намудани арзиш.

Натиҷа: аҳамияти қабулшуда бо ҳаҷми ставкии бонкӣ (ё ки дигар нишондиҳандаи пешниҳодшуда) муқоиса карда мешавад.

Меъёри 2. Баҳогузории сатҳи ноустувории технологияҳо.

Ҳадаф: ба даст овардани бартариҳои рақобатнок бо ёрии технологияҳо. Ҳамзамон технологияҳо метавонанд ба сифати воситаи асосӣ ва пуркувват хизмат кунанд, ки бо ёрии онҳо корхона метавонад дар муборизаи рақобатнок афзалиятро соҳиб гардида, онро дар оянда нигоҳ дорад.

Муваффақияти стратегии корхона ба махсусиятҳои техникӣ нисбати баъзе аз тавсифоти он барои як қатор соҳаҳои пешқадам ҳассосияти нисбатан кам дорад.

Дар хотима, аз рӯи натиҷаҳои баҳои коршиносон баҳогузории интегралии тағйироти технологӣ ва сатҳи шиддатнокии стратегияи ташкилот муайян мешавад, ҳамчунин ҷадвал сохта шуда, дар он сатҳи шиддатнокии стратегияи ҷорӣ ва ояндаи корхона аз рӯи ҳар кадоми онҳо инъикос мегардад.

Баҳогузорӣ ва самаранокии иҷрои стратегия

Моҳияти самаранокии стратегия дар тезиси зерин зоҳир мешавад: дар бизнеси муосир хатоҳо дар стратегияи корпоративӣ, дар муборизаи рақобатнок ба нобудшавӣ ва суст шудани мавқеи ташкилот дар бозор оварда мерасонад: дар ин маврид хатоҳои стратегиро ҳатто бо роҳи натиҷабахши менеҷменти тактикӣ ислоҳ намудан имконнопазир аст.

пешина
аз 469
навбатӣ