Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Дар ташкилоте, ки дар он идоракунии стратегӣ хуб ба роҳ монда шудааст, вазифаи назорати стратегӣ дар қисмҳои гуногуни он тақсим карда мешавад.
Функсияҳои асосӣ ва вазифаҳои назорати стратегӣ, ки барои иҷрои онҳо фаъолияти доимии касбӣ талаб карда мешавад, дар қисми махсусгардондашудаи рушди стратегӣ ҳал ва амалӣ мегарданд. Дар ин ҳолат назоратчии асосии стратегӣ менеҷери якуми ташкилот ва мақомоти олии коллегиалии идоракунии ташкилот маҳсуб мегардад, ки манфиатҳои соҳибмулкро ҳимоя мекунад.
Дар ҳолати умумӣ раванди назорати стратегӣ бояд се марҳилаи асосиро дар бар гирад:
• ташаккули системаи параметрҳои назораткунандаи стратегӣ;
• иҷрои баҳогузории назоратӣ;
• қабули қарорҳои идоракунӣ аз рӯи натиҷаҳои назорати стратегӣ.
Тавсифи марҳилаҳои асосии назорати стратегӣ дар расми 12.6 нишон дода шудааст.
Марҳилаи 1.
Ташаккули назораткунандаи нишондодҳои стратегӣ Интихоби таркиби назоратшавандаи нишондодҳои стратегӣ ва муайян намудани моҳияти бадастомадан онҳо
Марҳилаи 2.
Гузаронидани баҳодиҳии санҷишӣ Муқоисаи моҳиятҳои воқеии нишондодҳои назоратшавандаи стратегӣ бо дараҷаи банакшагирии онҳо: Таҳлил ва баҳодиҳии дараҷаи барканор намудани моҳиятҳои воқеӣ аз моҳияти банакшагирифташуда
Марҳилаи 3.
Қабули қарорҳо аз рӯи санҷиши стратегӣ Асоснокунӣ ва таҳияи маҷмӯи чорабиниҳое, ки барои идоракунии барканоркунӣ аз самти интихобгардидан рушди стратегӣ зарур мебошанд.
Расми 12.6. Нақшаи принципиалии раванди назорати стратегӣ.
Назорати стратегӣ бо ёрии матритсаи самаранокӣ (расми 12.7) ба мақсад мувофиқ буда, аз рӯи се меъёри баҳогузории рушд ташаккул меёбад:
• арзиши иловашуда (натиҷаи зарурӣ);
• сатҳи тағйирёбии технологияҳо;
• нуқтаҳои ҳифзи стратегӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо